Осиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонҶомеа

Зафари СӮФӢ: “Нагӯям, мекафам!” (Дидгоҳ)

Эй ҳама онҳое,ки дар ватани худатон дар баробари таҳқир, таҷовуз, хиёнат ва ҷиноят натавонистед қад алам кунед! Ҳоло, ки дигаронро дар он сӯи Омӯ санги маломат мезанед, каме андеша ва шарм бояд.

Онҳо ҳадди ақалл талоше барои муқовимат ва муқобила анҷом доданд.

Шумо чи кор кардед? Як хонавода, ки ҳеч бартарӣ аз Толибон надорад, ҳар коре хост ба шумо раво диду раво мебинад.

Шумо чи вокуниш доштед?

Ё худро ба мушмурдагӣ задеду сукут кардаед ё роҳи фирорро пеш гирифтаед.

Бадбинӣ ва душмании тоҷик бо тоҷик дар дохили Тоҷикистон басанда набуд магар, ки ҳол бо таъна заданҳо ба тоҷикони он сӯи Омӯ ин ҳисси душманӣ ва бадбинӣ нисбати тоҷикро ба он сӯ ҳам густариш додан мехоҳед?

Шуморо чи бало зада? Ба сари ҳаммиллатонатон дар он сӯи Омӯ фоҷеа омадааст. Мавҷудияти тоҷик, ҳуввияти тоҷик дар сарзамини Хуросон ба хатари нобудӣ рӯ ба рӯст. Агар ба ҷонибдорӣ аз тоҷикон садо баланд намекунед, ҳадди ақалл сукут карданатон беҳтар нест?

Ато Муҳамммади Нур ҳам мисли шумо ва пирону раҳбарони шумо тоҷики хушбовар буд, барномаи фошистонаеро, ки барои аз қудрат куллан берун кардани тоҷикон дар Хуросон тарҳрезӣ шуда буд, ҷиддӣ нагирифт. Ҳушдорҳои афроди фарҳехтае мисли Латифи Пидромро напазируфт. Эҳсоси маҳалгароӣ, ин бемории музмини миллаткуш, мутаассифона, миёни тоҷикони он сӯи Омӯ ҳам дар авҷ аст.

Ҳоло Ато дар мушкил гирифтор шуда ва ин расми ҷавонмардиву ҳамтаборӣ ва инсонӣ ҳам нест, ки афтодаро лагадмол куниву таъна занӣ.

Паштунизми ифротӣ дар симои Карзай, Ғанӣ, Халилзод ва чанд тани дигар, барои аз қудрат дур андохтани тоҷикон тавонистанд пинҳонӣ користоне анҷом диҳанд ва бо овардани Толибон тавозуни қудратро комилан ба нафъи қавми худ рақам заданд. Умри ин фитна чанд сол аст вақт нишон хоҳад дод. Дар Афғонистон ҳукумати як қавм ё бартарии як қавм аслан имкон надорад. Тарбиятдидаҳои тафаккури “Патахазона”-ӣ ҳатман баҳои ин фитнаро хоҳанд пардохт.

Сухан кутоҳ, вақте касеро таъна мезанем, бояд аввал гиребони худро бӯй кашем.

Дар зимн, аз тоҷикони он сӯи Омӯ қаҳрамон тарошидани бархе ҳаммиллатон дар Тоҷикистон чанд омил дорад: гурез аз вазъи асафбори дохилӣ: заъфу сустии раҳбарони гурӯҳу аҳзоб дар дохил: орзӯ ва ормони доштани қаҳрамон ва мунҷии миллӣ: набудан ва ё ба соя рафтани афроди бонуфуз дар дохил: ҳузури фаъоли он афрод дар фазои хабарии он сӯи Омӯ.

Албатта омилҳои дигар ҳам ҳаст, ки ҳоло бо ин чанд нукта иктифо мекунам.

Омадани Толибон дар Хуросон оғози торикист. Даҳшате, ки ин гурӯҳ авоили соли 2000 ба сари мардуми Афғонистон оварда буд, ҳеч гоҳ фаромӯш намешавад.

Албатта мо барои ҷилавгирӣ аз ин фоҷеа амалан коре карда наметавонем. Манзурам мо тоҷикони ин сӯи Омӯ, ки таи беш аз ду даҳа дар баробари фоҷиаи азими ба сари худамон омада дар симои як ҳукумати диктотурӣ ва хонаводагӣ натавонистему наметавонем амалан коре анҷом диҳем.

Пас, беҳтар аст табли шодӣ ҳам назанем ва санги таъна ба сӯи шахсиятҳои ҳаммиллатамон дар он сӯи Омӯ наандозем. Онҳо бегуноҳ нестанд, аммо дар рӯзи мотам бо садои баланд хушҳолӣ кардан ва ё тақсиру хатои мотамзадаро ба рӯяш кашидан ба ҳеч меъёри ахлоқӣ рост намеояд ва аз расми садоқату ҳаммиллатӣ ҳам нест.

Коре накунем, ки мисдоқи ин зарбулмасал бошад: Бе эзор ба сари зону дарида хандидаст.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *