АхборОсиёи МарказӣСиёсатҶаҳон

ИМА дар давоми 20 сол барои амалиёт дар Афғонистон ҳар рӯз 300 миллион доллар сарф мекард

Хосеп Боррелл, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният гуфт, амалиёти бистсола дар Афғонистон ба ИМА ҳамарӯза  чандсад миллион доллар ҳазина дошт.

Ӯ дар  нишасти  кумитаҳои Иттиҳодияи Аврупо оид ба вазъи Афғонистон гуфт: “Иёлоти Муттаҳида ҳар рӯз дар Афғонистон беш аз 300 миллион доллар харҷ мекард.”

Ҳамин тариқ, маҷмӯи умумии молиявии давлатҳо барои нигоҳ доштани нерӯҳо дар кишвар дар давоми бист сол беш аз ду триллион долларро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, ба гуфтаи Боррел, натиҷаҳо ҳанӯз ночизанд. Тағйири қудрат дар Афғонистон ҳам барои мардуми ин кишвар ва ҳам барои дигар давлатҳо як фоҷеаи воқеӣ гардид,- илова намуд ӯ.

Илова бар ин, Намояндаи олии ИА изҳори ақида кард, ки ин ҳодиса барои ҳама, аз ҷумла Толибон ногаҳонӣ буд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи омори расмӣ дар ҷанги солҳои 1979-1989 дар Афғонистон Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамарӯза барои нигаҳдории нирӯҳои низомӣ ва Артиши Афғонистон ҳудуди 10-11 миллион сум сарф мекард.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *