Илм ва маорифОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистон

Иттиҳод, аммо иттиҳоде барномасоз (дидгоҳ)

Ҳафиз Бобоёров, пажӯҳишгар, коршиноси масоили сиёсӣ

Дар ҳама ҳолат, бахусус дар вазъи имрӯзаи Афғонистон парешонӣ ва душманию ихтилоф боиси шикаст хоҳад гардид. Аммо чун ду ҳафтаи охир баъзе равандҳои он кишварро мушоҳида мекунам, ба ин натиҷа расидам, ки муттаҳидии бе барнома такрори иштибоҳи нишасти Бонни соли 2001 хоҳад буд. Он замон тамоми нухбагони сиёсӣ, мазҳабӣ ва фикрии Ҷабҳаи Шимол ба ҳам омада буданд. Омилҳои асосии баҳамойӣ, албатта, қатли интиҳории Аҳмадшоҳи Масъуд ва пуштибонии ҳамаҷонибаи кишварҳои Ғарбӣ дар пасманзари ҳуҷуми террористии 9/11 буд. Чун баҳамомадагони Ҷабҳаи Шимол барномаи амал надоштанд, аввалин коре, ки дар худи ҳамон нишасти Бонн шуд, ба сари онҳо шахсони ношиносеро оварданд. Шоҳидони ҳол мегӯянд, дар як шаб чанд нафар мавқеашонро ба тарафдории Ҳомид Карзай иваз карданд. Баъдан дидем, ки ҳукумати аксаран аз ҳисоби Ҷабҳаи Шимол ташкилёфта парешон шуд, намояндагони он бар зидди якдигар бархостанд ва баъзе аз онҳо дар суиқасдҳои мармуз кушта гардиданд. Онҳое, ки боқӣ монданд, аксаран ба манфиати ҳукумати дастнишонда кор мекарданд ва ҳатто сиёсати қавмпарастонаи онҳоро машруият мебахшиданд.

Дар тӯли таърихи пур аз шикаст хиёнат ба яке аз сифатҳои ботинии мардуми мо табдил ёфтааст.

Баъзе намояндагони пурнуфузи Ҷабҳаи Шимол, ки аз ҳукумати марказии Кобул берун монданд ва ё норозӣ буданд, гарчанде ба ҳошияҳои вилоятҳои бумии худ афтода буданд, ба кушксозӣ дар маҳалли худ ва манзилхарӣ дар Дубай машғул гардиданд. Ҳоҷати овардани номҳояшон нест, чун ба ҳама ошно ҳастанд. Якеаш чанд рӯз пештар дар мусоҳиба бо бахши форсии ВВС ба тарафи Ҷабҳаи нави муқовимат бо роҳбарии Аҳмад Масъуд бо истеҳзо ва игнор ишорат карда буд.

Аз назари равонӣ, ин гуна шахсон мубталои уқдаи бузургманишӣ ҳастанд, ки ҷуз худ дигареро дар саҳна дидан намехоҳанд.

Ин дар ҳолест, ки дар ҳақиқат Ҷабҳаи Шимол ба муттаҳидии дохилӣ ва ҳамбастагии байналмилалӣ ниёз дорад.

Бо вуҷуди ҷавонӣ, Аҳмад Масъуд на фақат сипаҳсолори касбӣ, балки сиёсатмадори пӯхтае ба назар мерасад. Ӯ барномаи давлатсозиеро дар даст дорад, ки метавонад Афғонистонро аз вартаи ҷангҳои беохир раҳо созад. Адолати қавмӣ ва идораи ғайримутамарказ (федералӣ) аз унсурҳои муҳими ин барнома ба шумор мераванд. Умедворем, нухбагони сиёсӣ барои амалисозии чунин барнома ба ҳам меоянд. Шояд онҳо муттаҳид шаванд, аммо гумон аст насли пир эътироф кунад, ки барномаи насли ҷавон дурандешонатар аст. Аз насли калон Латифи Пидром шояд ягона нафаре бошад, ки дар ҳама ҳолат аз адолати қавмӣ ва идораи ғайримутамарказ ҳимоят кардааст. Бошад, ки нухбагони Ҷабҳаи Шимол билохира ба ин иттиҳоди барномасоз расанд, онгоҳ иттиҳоди сиёсӣ ва ҳарбии онҳо дар муқобили тӯдаҳои ваҳшӣ бо номи Толибон, ДОИШ ва Ал-Қоида пирӯз хоҳад гашт. Вагарна таърих, ки шикаст андар шикаст буда, боз такрор хоҳад шуд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *