СиёсатҲуқуқи башарҶаҳон

Кунгураи Амрико мехоҳад Лукашенкоро ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ кашад

Режими диктотури Беларус Александр Лукашенко, ки дар интихоботи президентии моҳи августи соли 2020 ба таври дағалона тақаллуб карда буд, дар ҷумҳурӣ харобкорӣ ва бетартибиро идома медиҳад.

Дар ин замина, Кунгураи ИМА дар бораи вазъи Беларус изҳороти изтирорӣ нашр кард.

Ҳамин тариқ, асосгузори гурӯҳи байниҳизбии “Дӯстони Беларус”, намояндаи  Кунгураи ИМА Кристофер Смит пешниҳод кард, то оид ба парвандаи ҷиноятҳои Лукашенко ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ шикоят барад.

Ба гуфтаи ӯ, намояндагони Кунгураи  Амрико аз рӯйдодҳои ахири Беларус: марги раҳбари Хонаи Беларус  Виталий Шишов дар Киев, парвози маҷбурии варзишгар Кристина Тимановская аз Токио ба Лаҳистон ва  «буҳрони маснӯии гурезаҳо” дар сарҳад бо Литва, ки Минск  эҷод кардааст, нигарон ҳастанд.

Намояндаи ҷумҳурихоҳи Конгресс чунин мешуморад, ки далелҳои ҷиноятҳои режими Лукашенко бояд фавран ба Суди Байналмилалии Ҷиноӣ мунтақил шаванд.

“Диктотур хеле метарсад ва ноумед аст, ки қудратро аз даст медиҳад ва ин як ҳолати хеле хатарнок аст. Ӯ нисбат ба мардуми беларус  ба ҳама гуна хушунат омода аст ва Иёлоти Муттаҳида бояд ин мавзӯъро комилан дарк намояд ва фаъолона амал кунад. Мо бояд омодаи таъсиси  додгоҳи байналмилалӣ барои ҷиноятҳои ӯ бошем”, – гуфт Кристофер Смит.

Илова бар ин, намояндаи Кунгура Русияро барои дастгирии ҳаддиаксарӣ аз режими Лукашенко сарзаниш кард ва таъкид намуд, ки : “дастгирии пурраи таблиғотӣ, молиявӣ ва ҳатто низомии  режими Лукашко  аз Маскав меояд ва онро шарик месозад ”.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *