Осиёи МарказӣСиёсатҶомеа

Латиф Пидром: Бар саросари Афғонистон /Хуросон, Оҳ аст, ки по рӯ мекашад (Вокуниш)

Масъулияти амалиёти хунбори имрӯзро дар фурӯдгоҳи Кобул ДОИШ ба ӯҳда гирифт, ҳамон ҷараёне, ки хонум Клинтон эълом кард: “Мо амрикоиҳо онро сохтем!”

Ин ҷиноят эъломи расмии ҳузӯри ДОИШ баъд аз Толибон ва дар идомаи он дар сарзамини мо аст; яъне ҷанги вайронгари дигаре дар роҳ аст, ки Амрико барои мо тадорук дидааст. Ҳақиқат ин аст, ки ҳанӯз уфуқе барои сулҳ дида намешавад, вақте ин ҷиноятро дар фурӯдгоҳи Кобул дидам ва қурбониёнашро, ки бенавотарин ҳамватанони ман аз ҳар қавму табореанд, натавонистам хештандорӣ кунам ва ба онҳое нафрин бифиристам, ки бо даҳони касифи кафолӯди худ бист соли тамом , пешу пас аз он “Дӯстони амрикоии мо!!!” вирли забонашон буд.

Ин тулаҳои касифи сармоядорӣ, намедонам бо кадом виҷдон ҳанӯз сарбаландӣ мекунанду оби пок бар сару тани касифашон мерезанд ва алайҳи Амрико нақ-нақ мекунанд. Ҳамаи тикадорону қудратмандону равшанфикрнамоҳое, ки дар ин бист сол пеши дари хидмати нерӯҳои ишғолгари амрикоӣ буданд, мустақим ва ё ғайримустақим дар ҷиноёте, ки имрӯз дар фурӯдгоҳи Кобул иттифоқ афтод ва ҳамаи ҷиноёти дигари Амрико, муттаҳидон ва режимҳои дастнишонда ва паймонкорони сиёсӣ, низомӣ ва тиҷорияш шарику саҳиманд.

Бо таваҷҷуҳ ба ҳамаи ин ҷиноёт ва таҳқире, ки бар мардуми мо раво доштанд, ҳамзамон ва дар айни ҳол аз ҳамаи эшон ибрози безорӣ мекунем.

Роҳи мо аз роҳи онҳо ҷудо аст!

Абдулатиф Пидром, сиёсатмадор, нависанда, шоир, рӯзноманигор, раҳбари Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *