АхборСиёсатҲуқуқи башарҶаҳон

Лаҳистон муҳоҷирони Ховари Миёнаро “василаи дасти Лукашенко” меҳисобад

“Муҳоҷирон одамоне ҳастанд, ки ман самимона ҳамдардашон ҳастам, аммо онҳо  дар дасти Александр Лукашенко як васила ҳастанд”,-  гуфт сарвазири Лаҳистон Матеуш Моравиетски 19 август.

Дар ин бора Associated Press хабар медиҳад.

Раиси Ҳукумати Лаҳистон Мински расмиро дар “истифодаи барқасдона” -и гурезаҳои Ироқ, Сурия ва Афғонистон барои “сиёҳнамоӣ” -и Иттиҳоди Аврупо бо роҳи эҷоди буҳрони башардӯстон дар марзи ИА  гунаҳкор кард.

Матеуш Моравиетски ваъда дод, ки вуруди мухоҷирони ғайриқонунӣ ба хоки Лаҳистон пешгирӣ карда мешавад.

Хотиррасон мекунем, ки Лукашенко борҳо  Иттиҳоди Аврупоро дар “буҳрони муҳоҷират” айбдор кардааст. Ӯ таъкид бар он дорад, ки издиҳоми муҳоҷирони ғайриқонунӣ сайёҳоне ҳастанд, ки ба таври қонунӣ ба Беларус омадаанд ва гӯё Иттиҳоди Аврупо онҳоро ба каламрави худ даъват кардаст.

Вазъият дар марзи миёни Лаҳистон ва Беларус дар як моҳи охир шиддат гирифт. Ба гуфтаи марзбонони Лаҳистон, танҳо дар моҳи августи соли ҷорӣ 1935 нафар талош кардаанд ғайриқонунӣ аз марз гузаранд. Ҳамзамон, марзбонон убури 1175 нафарро пешгирӣ карданд ва 760 шаҳрванди хориҷӣ боздошт ва ба боздоштгоҳҳои пӯшида фиристода шуданд.

Ахиран Литва, Латвия ва Лаҳистон аз афзоиши теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунии боздоштшуда дар марз бо Беларус хабар доданд. Президенти Беларус Александр Лукашенко мегӯяд, ки дар ҷавоб ба таҳримҳои Ғарб Минск минбаъд ҷараёни муҳоҷирони ғайриқонуниро ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо маҳдуд нахоҳад кард, зеро  “барои ин на пул лозим аст ва на нерӯ.”

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *