АхборСиёсатҲуқуқи башарҶаҳон

Мақомоти Куриёи Шимолӣ муҳокимаи лоғар шудани Ким Чен Инро манъ кардаанд

Ба шаҳрвандони Куриёи Шимолӣ муҳокимаи вазъи саломатӣ ва симои зоҳирии раҳбари миллӣ Ким Чен Ин пас аз лоғар шудани ӯ манъ карда шудааст. Дар ин бора Radio Free Asia хабар медиҳад.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, кам шудани  вазни Ким Чен Ин  нишон медиҳад, ки раҳбари кишвар дар баробари шаҳрвандонаш аз бадшавии доимии амнияти озуқаворӣ ва шадид шудани вазъи ҳамагирии вируси куруно  азият мекашад.

“Роҳбарони вохӯриҳои посбонӣ дар минтақаҳо бори аввал зарурати расман эълон кардани хуб будани вазъи саломатии Ким Чен Инро эҳсос карданд. Дар айни замон, бисёре аз шаҳрвандон ба мувофиқа расиданд, ки аз даст додани вазн барои сарвари давлат судманд аст ва симои зоҳирии қаблӣ барои ӯ хатарнок буд ”,- гуфт як сокини шаҳри бандарии шимолу шарқӣ, ки нахост номаш ифшо шавад.

Як манбаи дигари беном аз шаҳри Саривон, дар ҷануби Пхенян, қайд кард, ки бо вуҷуди ҳушдорҳои мақомот, суҳбат дар бораи бад шудани саломатии раҳбар идома дорад. “Мақомот паҳн кардани ҳама гуна маълумотро дар бораи саломатии доҳӣ манъ кардаанд.  Сарвари давлат, ба гуфтаи онҳо, аз сабаби зиёд будани корҳои давлатӣ лоғар шудааст. Аммо ҷомеа ҳоло ҳам ин мушкилро баррасӣ мекунад ”,- гуфт ӯ.

Дар аввали моҳи июн лоғаршавии башиддати   Ким Чен Ин боиси сар задани овозаи бемории ӯ шуд. Кам шудани вазни раҳбари кишварро расонаҳои давлатии Куриёи Шимолӣ ҳатто расман зикр карданд. Бо вуҷуди ин, бархе аз коршиносон бар онанд, ки вазни сиёсатмадор  шояд бар асари ба тарзи ҳаёти солим гузаштани ӯ  кам шуда бошад.

Ёдовар мешавем, ки Куриёи Шимолӣ  дар шохиси кишварҳои ғайридемократии олам дар мақоми охир- 167 ҷойгир аст. Аз кишварҳои Осиёи Миёна миёни кишварҳои ғайридемократии олам  Туркманистон мақоми 162 ва Тоҷикистон  мақоми 159 –ӯмро ишғол мекунанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *