АхборИқтисодСиёсатТоҷикистонҲуқуқи башарҶаҳон

Мумкин аст барои интиқоли маблағи муҳоҷирон андоз ситонанд

Ҳар сол аз Русия садҳо миллиард рубл хориҷ мешавад, ки онро метавонистанд шаҳрвандони Федератсиюни Русия ба даст оваранд.  Русия ҳам аз маблағе, ки муҳоҷирон кор мекунанд ва ҳам аз интиқоли ин маблағ ба хориҷа суде намегирад.

Дар ин бора dumatv.ru бо такя ба суханони раҳбари фраксияи “Справедливая Россия” Сергей Миронов  хабар дод.

Сергей Миронов гуфт, ки фраксия дар даъвати VIII Думаи давлатӣ лоиҳаи қонун дар бораи тағирот ба Кодекси андозро омода хоҳад кард, ки он ҷорӣ намудани андоз аз интиқоли маблағ ба хориҷро таъмин хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин  таъкид кард, ки қариб 90% чунин интиқолҳо ба кишварҳои ИДМ фиристода мешаванд.

“Дар натиҷа, садҳо миллиард рубл, ки  ҳамватанони мо метавонистанд онро дар дохили кишвар ба даст оранд ва харҷ кунанд, озодона аз Русия берун мераванд.” – шарҳ дод роҳбари фраксия.

Сиёсатмадори русиягӣ  хотиррасон кард, ки коршиносони байналмилалӣ дар соли 2020 интиқолҳоро аз Федератсияи Русия ба кишварҳои дигари ҷаҳон, ки аз онҳо андоз ситонида намешаванд,  даромадноктарин дар ҷаҳон эътироф карданд.

«Ин ба он маъност, ки онҳо расман ин пулро ба даст овардаанд ва аллакай аз он андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоӣ супоридаанд. Аммо, шумораи зиёди муҳоҷирон, ҳатто онҳое, ки қонунан дар Федератсиюни Русия иқомат доранд,  дар ягон ҷо сабти ном нашудаанд ва ҳеҷ гуна андоз пардохт намекунанд. Дар бораи  муҳоҷирони ғайриқонунӣ бошад, ҳоҷати гап нест”,-  кайд намуд депутат.

Миронов бо истинод ба маълумоти Шӯрои назди Президенти Федератсиюни Русия ва Вазорати корҳои дохила гуфт, ки дар Русия тақрибан 2,5 миллион муҳоҷир  бидуни ба расмият даровардани шартномаҳои меҳнатӣ кор мекунанд. Илова бар ин, беш аз 700 ҳазор шаҳрвандони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин кишвар ғайриқонунӣ ба сар мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи омори расмии мақомоти Тоҷикистон  дар соли 2020 теъдоди муҳоҷирони тоҷикистонӣ ба Руссия беш аз 400 ҳазор нафарро ташкил дод, ки ин назар ба соли 2019 бар асари ҳамагирии вируси куруно 35 дар сад кам шуд ва аз омори ниҳодҳои Русия тафовут дорад.  Қаблан, дар соли 2019  раисҷумҳури Русия Владимир Путин эълом кард, ки дар ин кишвар беш аз 1,2 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия ҳаҷми маблағи интиқолдодаи  муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар соли 2020 $1 млрд. 741 миллионро ташкил дод.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *