ИқтисодСиёсатТоҷикистонҲамкорӣҶаҳон

Муҳоҷирон дар Русия аз 1 август имтиҳонро ба тарзи нав месупоранд

Имтиҳон барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд дар Федератсиюни Русия кору зиндагӣ кунанд, аз 1 август ба тарзи нав гузаронида мешавад.

Дар ин бора Хадамоти федералии назорат дар соҳаи маориф ва илми Федератсияи Русия хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки имтиҳон аз забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Русия барои хориҷиёне, ки ният доранд дар Федератсияи Русия кору зиндагӣ кунанд, аз 1 август аз рӯи супоришҳои нав гузаронида мешавад.

“Аз 1 августи соли 2021  тартиби гузаронидани имтиҳон аз забони русӣ  ҳамчун забони хориҷӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Русия барои шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд дар Русия  ҳуқуқи кор ва зиндагӣ пайдо кунанд, тибқи  муқаррароти нав гузаронида мешавад. Мутобиқи он, имтиҳон бо истифода аз маводи санҷишии  назоратии шакли стандартишуда дар асоси талаботи ҳукумати Русия барои муайян намудани  сатҳи ҳадди ақали дониш бо мақсади гирифтани иҷозат барои истиқомати муваққатӣ, иҷозат барои истиқомат, иҷозатномаи кор ё патент баргузор мегардад “, – омадааст дар изҳорот.

Қоидаҳои навро Институти федералии илмҳои педагогӣ таҳия кардааст. Имтиҳон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар се сатҳ гузаронида мешавад:

– гирифтани иҷозат барои кор ё патент;

– иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ;

– иҷозатномаи истиқомат.

Тибқи низомнома, имтиҳон аз забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ дар шакли шифоҳӣ ва хаттӣ (ба истиснои шаҳрвандони хориҷие, ки барои гирифтани иҷозат барои кор ё патент муроҷиат мекунанд), имтиҳон аз таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Русия – дар шакли тестӣ, аз ҷумла бо истифода аз компютер ва технологияҳои масофавӣ гузаронида мешавад.

Тибқи омори ниҳодҳои Русия дар ин кишвар беш аз як миллион муҳоҷирони тоҷикистонӣ кору зиндагӣ мекунанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *