АхборИқтисодОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонҲамкорӣ

Назарбоев аз Ӯзбакистон ва Тоҷикистон даъват кард, ки ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё шомил шаванд

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз Тоҷикистон ва Ӯзбакистон даъват кард, ки ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) шомил шаванд.

Дар ин бора хабаргузории РИА Новости хабар медиҳад.

«Ҳамчун раиси ифтихорӣ чунин фикр мекунам, ки  мо бояд ин созмонро тақвият бахшем. Ба мо лозим аст, ки Ӯзбакистон ва Тоҷикистон ҳамсоягонамон бошанд. Шомил шудани  Туркманистон бошад, ба кор ниёз дорад,-“гуфт Назарбоев дар мулоқот бо сарвазири Русия Михаил Мишустин.

Назарбоев рӯзи панҷшанбе дар пойтахти Қазоқистон бо сарвазирии Русия Михаил Мишустин мулоқот кард. Ин мулокот кабл аз ҷаласай Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё дар Қирғизистон баргузор шуд.

Бояд гуфт, ки тибқи таъкиди мукаррари  мақомот Тоҷикистон барои шомил шудан ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё шитоб надорад. Бори охир 16 феврали соли равон Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар як нишасти хабарӣ дар посух ба суоли хабарнигор  гуфт, ки  Тоҷикистон мавқеашро дар мавриди ин иттиҳод дигар накардааст ва масъала то ҳол омӯхта мешавад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *