АхборТоҷикистонФасодҲуқуқи башарҶомеа

НАРХИ «ПЕРЕВЯЗКА» ДАР ТАВАЛЛУДХОНА ЧАНД ПУЛ?

Таваллуд тариқи ҷарроҳӣ беш аз 300 ҳолат зиёд шудааст

Танҳо дар давоми шаш моҳи соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд 2551 таваллуд тариқи буриши қайсарӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 305 адад зиёд аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки собиқ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз афзоиши буриши қайсарӣ дар вилоят шадидан интиқод карда гуфта буд, ки дар баъзе маврид сабаби афзоиши буриши қайсарӣ худи духтурону момодояҳои таваллудхонаҳо мешаванд, сатҳи касбӣ ва хизматрасонии тиббӣ бояд ба талабот ҷавобгуй бошад. Зеро  онҳо, ба истилоҳ, “ҳаёту модару кӯдакро ҳал мекунанд”.

Мақсудзода Фаррух, сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд дар посух ба саволи сабабҳои афзоиши таваллуд тариқи буриши қайсарӣ гуфт, ки духтурони таваллудхонаҳо пеш аз таваллуд вазъи сиҳатии модару кӯдакро пурра санҷида баъд ба хулосае мерасанд, ки зан қобилияти худаш таваллуд карданро дорад ё не. Дар ҳолати зарурати пеш омадани буриши қайсарӣ барои бехатарии модару кӯдак буришро интихоб мекунанд. Сабаби дигар афзоиши ин намуди таваллуд такрори таваллуд тариқи буриши қайсарӣ аст. Зеро он занҳое, ки бори якуму дуюм тариқи буриши қайсарӣ таваллуд кардаанд, албатта боз бо тариқи пешин таваллуд мекунанд.

Баъзе аз шаҳрвандон тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳо изҳори норозигӣ аз он мекунанд, ки  буриши қайсарӣ як роҳи бизнес барои духтурони зоишгоҳҳо аст. Дар робита ба ин Мақсудзода афзуд, ки номгӯй, нархи доруворӣ ва дигар лавозимоти барои буриши қайсарӣ лозимшаванда дар деворҳои ҳар шӯъбаи таваллудгоҳҳо насб гардидааст. Ин бештар ба он хотир аст ки шаҳрвандон фикрҳои нодуруст накунанд ва дар баробари ин худи духтурон низ суистифода аз вазъияти ба миёномада карда даст ба коррупсия назананд.

Вале ҳамоно коррупсия боқӣ мондаасу ягон қағазу қалам ё амалияти дигар пеши роҳи онро гирифта “наметавонад”… беҳуда мардуми шаҳри Хуҷанд “кӯдак харидем” намегӯянд. Чӣ зоиши муқаррарӣ ва чӣ зоиш тариқи бурриши қайсарӣ дар таваллудхонаҳо хеле серхарҷу мушкил мегузарад. Соли сипарӣ вақте писарчаамро дар таваллудхонаи шаҳри шаҳри Хуҷанд тариқи бурриши қайсарӣ  ба дунё овардам танҳо барои перевязка, ки дока, маз, спирт ва дигар доруву сӯзандоруҳояшро худамон харидорӣ карда будем, барои шаш рӯз 280 сомонӣ тамаъ карда гирифтаанд. Ҳол он ки перевязкаи буриши қайсарӣ осонтарин амалиёт дар таваллудгоҳ аст, ки ҳамагӣ 5 дақиқа ҳам духтур вақташро сарф намекунад. Барои ҳар перевязка 50 сомонӣ меситонанд. Вақте норизоӣ кунӣ барои кӯдакат ҳуҷҷатҳои лозимаро пур карда намедиҳанд. Пас, хонандаи азиз, худ аз хароҷоти буриши қайсарӣ хулоса кунед…

Манбаъ: payk.tj

http://payk.tj/2021/08/12/%d0%bd%d0%b0%d1%80%d1%85%d0%b8-%d0%bf%d0%b5%d1%80%d0%b5%d0%b2%d1%8f%d0%b7%d0%ba%d0%b0-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d1%82%d0%b0%d0%b2%d0%b0%d0%bb%d0%bb%d1%83%d0%b4%d0%b3%d0%be%d2%b3-%d1%87%d0%b0%d0%bd%d0%b4/%d1%82%d0%b0%d0%bd%d0%b4%d1%83%d1%80%d1%83%d1%81%d1%82%d3%a3/

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *