АхборОсиёи МарказӣСиёсатҶомеа

Низомиёни ИМА бовар доранд, ки Толибон дар давоми як то се моҳ Кобулро ишғол мекунанд

Артиши Амрико бар ин бовар аст, ки вазъ дар Афғонистон босуръат бад мешавад ва намояндагони ҳаракати тундрави Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистон) метавонанд пойтахти кишварро дар муддати як то се моҳ ишғол кунанд.

Дар ин бора рӯзи сешанбе нашрияи The Washington Post бо такя ба манобеи худ дар артиши ИМА хабар дод.

“Ҳама чиз ба самти бад ҳаракат мекунад”,- гуфт яке аз ҳамсуҳбатони рӯзнома. Тибқи як манбаи дигар, Пентагон дар айни замон бояд бар ин воқеият такя кунад , ки Иёлоти Муттаҳида дар ояндаи наздик барои интиқоли дипломатҳои амрикоӣ ва ҳайати дигар аз пойтахти Афғонистон омодагӣ гирад, зеро баъзе сенарияҳои артиши ИМА дар таҳияи рӯйдодҳо пешбинӣ мекунанд, ки Толибон  дар ояндаи наздик, дар давоми 30 то 90 рӯз  пойтахти Афғонистон-шаҳри Кобулро ишғол менамоянд.

Нашрия қайд мекунад, ки Пентагон ҳамин тариқ ҳисоботи пешинаи моҳи июни соли равон аз ҷониби хадамоти махсуси Амрико таҳияшударо аз нав дида баромад, ки тибқи он Толибон имкон дорад дар давоми шаш моҳ Кобулро забт кунанд.

Президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 14 апрел эълом кард, ки тасмим гирифтааст амалиётро дар Афғонистон қатъ кунад, ки тӯлонитарин маъракаи низомии хориҷӣ дар таърихи Амрико аст. Иёлоти Муттаҳида ин ҷангро моҳи октябри соли 2001 оғоз кард. Хуруҷи нерӯҳо аз моҳи май оғоз шуд ва интизор меравад, ки он то охири моҳи август ба анҷом расад.

Рӯзи душанбе сухангӯи Пентагон Ҷон Кирбӣ дар як нишасти матбуотӣ иқрор кард, ки вазъи амниятӣ дар Афғонистон ба самти номатлуб рушд мекунад ва боиси нигаронӣ шудааст.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *