АхборОсиёи МарказӣСиёсат

Ноиби президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ худро сарвари муваққат эълон кард

Ноиби президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ эълон кард, ки ӯ муваққатан сарвари давлат аст ва  аз раҳбарони ҷаҳон ҳимоят хост.

Дар ин бора ӯ рӯзи 17 август дар саҳифааш дар Twitter  навишт.

«Тибқи Сарқонуни Афғонистон, дар сурати набудан, фирор, истеъфо ё марги президент, муовини аввали ӯ иҷрокунандаи вазифаи президент мешавад. Ҳоло ман дар кишвари худ ҳастам ва президенти қонунӣ маҳсуб мегардам”,- навишт  ӯ.

Солеҳ қайд кард, ки айни замон ӯ бо сарони дигар давлатҳо дар тамос аст.

Вай аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки ба муқовимати ҷангиёни Толибон ҳамроҳ шаванд. Ба гуфтаи ӯ, афғонҳо бояд исбот кунанд, ки Афғонистон Ветнам нест ва Толибон тамоман ба ветнамиҳо монанд нестанд. Вай таъкид кард, ки бар хилофи ИМА ва НАТО, афғонҳо ҳеҷ гоҳ рӯҳияи худро аз даст надодаанд. Ҳамзамон, ӯ қайд кард, ки ҳоло бо раҳбари Амрико Ҷо Байден оид ба вазъи Афғонистон баҳс кардан бефоида аст ва ӯ бояд аввал ин иштибоҳашро “ҳазм кунад”.

Ёдовар мешавем, ки пас аз фирори Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон макони будубоши ноиби ӯ Амруллоҳ Солеҳ то ба ҳол маълум нест. Баъзе расонаҳо хабар доданд, ки ӯ дар дараи Панҷшер қарор дорад ва бо Аҳмад Масъуди хурдӣ қасд доранд  ҷабҳаи муқовимат таъсис диҳанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *