АхборОсиёи МарказӣСиёсат

Паёми Ато Муҳаммади Нур ба мардуми Хуросон

Ҳамватанони азиз ва дардмандам!

Бо таассуф дар як тавтеаи бузург, созмонёфта ва ноҷавонмрдона тамоми имконоти ҳукуматӣ ва нерӯҳои давлатӣ ба Толибон таслим дода шуд.

Доманаи ин тавтеа ба ҳадде бузург ва амиқ буд, ки мехостанд моршол Абдуррашиди Дӯстум ва маро ҳам ба дом бияндозанд, ки муваффақ нашуданд моршол-соҳиб Дӯстум, ман, волии муҳтарам Балх, вукалои муҳтарами Балх, раиси шӯрои вилоятӣ ва соири масъулин дар маҳалли масъун ҳастем.

Ҳарфҳои зиёде барои баён аст, ки дар фурсати муносиб бо шумо шарик мекунам.

Аз ҳамаи азизоне, ки дар муқовамати Балх саҳм в ҳузур доштанд ва ононе, ки ин муқоваматро ҳимояти бедареғ карданд ва мардуми Балх, самимона сипосгузорам.

Мардуми Балхро ба Худои Бузург месупорам. Роҳи мо дар инҷо поён намеёбад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *