Илм ва маорифТоҷикистонҲуқуқи башар

Пешниҳоди ба шоира Меҳриниссо додани унвони “Шоири халқии Тоҷикистон”

Як гурӯҳ корбарони шабакаи Фейсбук пешниҳод кардаанд, ки ба шоира Меҳриниссо Бобобекова дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлол унвони “Шоири халқии Тоҷикистон” дода шавад.

Дар ин бора дар саҳифаи “Ахбор барои афкор” хабар дода мешавад.

Дар номае, ки  аз ҷониби як гурӯҳи ҳазорнафараи корбарони шабакаи Фейсбук ба унвони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон  нашр шудааст, аз ҷумла омадааст:

“Бо камоли эҳтиром ва самимият аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ-Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои наздик 30-солагии онро бо дастовардҳои арзанда ҷашн мегирем, шоираи ширинкалом, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, хонум Меҳриниссо Бобобековаро бо унвони “Шоири халқии Тоҷикистон” қадрдонӣ намоед”.

Бояд гуфт, ки унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон ба шоирон барои хизматҳои махсус дар рушди адабиёти тоҷик ва адабиёти дигар миллатҳо, офаридани асарҳои барҷастаи олимазмуни бадеӣ, ки сазовори эътирофи умум гардидаанд ва чун қоида, бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, дода мешавад.

Чанде пеш муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Ато Мирхоҷа дар саҳифааш дар Фейсбук бо нашри як нома таҳти унвони “Чаро ба ман унвон надодед?” аз раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон хост, ки сабаби  дафъаи севвум ҳам ба ӯ надодани унвони “Шоири халқии Тоҷикистон”- ро барояш шарҳ диҳанд. Вале мақомот то ба ҳол ба ин номаи Ато Мирхоҷа посух нагуфтаанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *