АмниятИлм ва маорифОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонҲуқуқи башар

Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад (Бардошти кутоҳ аз вохӯрӣ бо устод Латифи Пидром)

Шаҳобиддинов Нуриддин, пажӯҳишгар, таҳлилгари масоили сиёсӣ (дидгоҳ)

Дирӯз ман низ дар вохӯрӣ бо устод Латифи Пидром, ки дар “Кохи афсарон” доир гардид иштирок намудам ва ин аввалин иштироки ман дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” буд. Ростӣ хело солҳост, ки навишта ва гузоришҳои ӯро дунболагирӣ менамоям ва ҳамчун як равшанфикри огоҳ ва борикбин мешиносам. Дуруст аст, ки ӯ шоир ва донишманди тавоност, бахусус дар риштаи ҷомеашиносӣ дорои мутолеаи васеъ мебошад, ки аз сӯҳбатҳояш ошкор аст. Аммо дар вохӯрии дирӯза ҳадаф назари ӯ дар нисбати ҳодисоти охири Афғонистон ва вазъи нухбагони шимол дар пасманзари фаъолиятҳои рӯзҳои охири толибон буд. Агар ҳамаи маҳфилро дар умум баррасӣ намоем пас онро метавоем ба ду бахш тақсим намоем: дар бахши аввал устод Пидром сабабҳои воқеии фурурезии якбораи ҳукумати Ашраф Ғаниро хело муфассал, муъҷаз ва коршиносона таҳлил намуданд, ки воқеан қобили ситоиш мебошад. Фасоди густурда, қавмпарастӣ, хиёнат, ноумедӣ ва норозигии қишрҳои гуногуни мардум, фиребу найранги давлатдорони бепоя ва бемасъулият, ҳамчунин дасисабозиҳое, ки қудратҳои ҷаҳон низ дар он шарик ҳастанд ва аз ин қабил сабабҳо якҷоя гардида боиси фурупошии ғайримунтазираи як давлат мегарданд.

Назари устод Пидром дар мавриди поянда набудани салтанати толибон чи аз ҷиҳати мушкилоти ҳуқуқӣ, ки онҳо бо он рӯ ба рӯ мешаванд ва чи аз ҷиҳати норизогии тамоми қишрҳои ҷомеа ва ҷолибтар аз он таъсиргузории технологияи навин дар шаклгирии ҳодисаҳо қобили қабул буд.

Аммо як нуктаи муҳиме вуҷуд дошт, ки байни шунавандагон ва устод Пидром созише ба вуҷуд наовард ва ман онро маҳз бахши дувуми ин маҳфил меҳисобам. Мо аз устод Пидром интизор доштем, ки ӯ аз ҳамбастагии нухбагони Шимол чизи наве мегӯяд, ки мутаасифона ба ҷуз сухани умумӣ чизи нав ва воқеие гуфта нашуд. Тасаввури мо ин буд, ки нухбагони Шимол аллакай як нерӯи алтернативӣ, ки ҳамаи қумондонҳо ва сиёсатмадоронро бо ҳам муттаҳид сохта бо як садо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ сухан мегӯянд, созмон додаанд (Албатта сухан аз Панҷшер ва Аҳмад Масъуд буд, вале намешавад масъаларо бо ҳамин маҳдуд).  Аммо воқеият чизи дигар буд, вақте устод Пидром ба сиёҳ кардани Амруллоҳи Солеҳ мепардохт воқеан ҳам ҷои таассуф буд. Мо қабул дорем, ки Солеҳ гузаштаи хуб надорад, устод Ато ҳамроҳи Дустум гурехтааст ва ҳамчунин дигар нухбагон низ шикаст хурдаанд ва собиқаашон пур аз камбудӣ аст, аммо оё замони душманковӣ ва сиёҳкунии ҳамдигарӣ аст? Ақли солиме даркор аст, ки ҳоло ин неруҳоро бо ҳам муттаҳид ва дар баробари толиб басиҷ гардонад, замони якдигарсиёҳкунӣ ва ҷавоб додан ба аъмол ҳатман мерасад. Мо натавонем ҳам таърих ба ҳар кас баҳояшро медиҳад. Мо ҳамчун инсонҳои холис мехоҳем, ки ҳамаи ин нухбагон даъвоҳои шахсиро канор гузоранд ва то пирӯз гардидан таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд бо ҳам оянд. Яке аз сабабҳои асосии шикасти як тараф дар набардҳо на заъфи миқдорӣ, балки маҳз заъфи сифатӣ ва ё нотифоқии таркиби он аст.

Паштунҳо низ байни худ ихтилоф доранд, аммо чун масъала сари қудрати сиёсӣ ва ё ҳокимият мераванд, онҳо якдигарро мефаҳманд ва гузашт менамоянд. Чаро тоҷик воқеъбин нест ва аз огоҳии сиёсӣ маҳрум аст? Ҳатто мухолифони солҳои навадуми тоҷик баъд аз шикаст хурдан ва гуреза шудан тавонистанд, ки ихтилофҳояшонро як сӯ гузоранд ва бо ҳам мутаҳҳид шаванд, чаро нухбагони тоҷик дар Афғонистон то ин ҳад худхоҳ ва якрав ҳастанд? Вазъ то ба дараҷаи боварнакарданӣ сарнавиштсоз аст, аммо нухбагони мо машғули сиёҳкунии ҳамдигар ҳастанд, ё ҳадафи умумимиллӣ надоранд ва ё онро фаромӯш кардаанд.

Аз ин парокандагӣ ва нотифоқии нухбагони тоҷик танҳо толибон бурд мекунанд ва натиҷаи худхоҳии онҳоро мардуми оддӣ мебинад. Шояд сабаби нокомии тоҷикон дар Афғонистон ва ба онҳо эътимод нанамудани хориҷиҳо низ маҳз худхоҳии нухбагони он бошад. Мо корномаҳои ҳар кадоми онҳоро дар алоҳидагӣ медонем, аммо намедонем, ки онҳо дар якҷоягӣ ба чӣ ҳадафе расидаанд.

Якчанд нафар аз ҳозирин аз ҷумла шоира Раҳимҷон, сиёсатмадор Саидҷаъфар Исмонов, банда (ростӣ ман каме ба эҳсос дода шудам) ва дар охир худи устод Иброҳим Усмонов маҳз ҳамин маъниро таъкид намуданд, ки бояд ба хотири ҳадафи сиёсӣ сарони тоҷик мутаҳҳид шаванд ва аз якдигар дар шароити кунунӣ хиёнаткор натарошанд. Ҳатто Иброҳим Усмонов як сухани машҳури Черчилро мисол оварданд, ки ӯ гуфтааст: “ Агар ба манфиати ман бошад, ман ҳозирам бо шайтон низ ҳамкорӣ намоям”.

Инро низ бояд гӯям, ки назари мо бетарафона буд, шояд назари устод Пидром ва дигар бародарони тоҷики он суи Ому дуруст аст, ки имрӯзҳо аз нухбагони худ шайтон ва хиёнаткор сохта истодаанд. Мешавад, ки арзишҳои ахлоқиро болотар аз манфиат ва ҳадафҳои сиёсии худ гузошт ва он ҳам барои миллате, ки фақат бо ахлоқ дар зердастии турку паштун зистааст ва аз озодии сиёсӣ буе набурдааст.

Дар умум ман низ бо устод Пидром мувофиқ ҳастам, ки ҳукумати толибон дерпой нест ва ҳатман ба зудиҳо аз байн меравад.

Манбаъ: саҳифаи Shahobiddinov Nuriddin.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *