АхборОсиёи МарказӣСиёсатҶаҳон

Русия бо мақомоти нави Афғонистон робитаҳои корӣ барқарор кардааст

Вазорати хориҷаи Русия мегӯяд, ки Маскав бо мақомоти нави Кобул робитаҳои корӣ барқарор кардааст.

Дар ин бора ТАСС  бо истинод ба  Вазорати корҳои хориҷаи Русия хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Сафорати Русия дар Кобул дар ҳолати муқаррарӣ фаъолият мекунад.

Пештар Вазорати корҳои хориҷӣ гуфтушунидҳои ҷунбиши Толибонро (дар Федератсияи Русия мамнӯъ буд) бо намояндагони сафорати Русия дар Кобул  қайд карда буд. Ба гуфтаи намояндагони сафорат, Толибон  нисбат ба ҳукумати пешинаи дастнишондаи Афғонистон мулоқотпазиртар ҳастанд.

Қаблан намояндаи махсуси президенти Русия оид ба Афғонистон Замир Кобулов гуфта буд, ки рӯзи сешанбе сафири Русия Дмитрий Жирнов дар Кобул бо намояндагони Толибон мулоқот хоҳад кард ва дар он таъмини амнияти  намояндагии дипломатии Русияро баррасӣ хоҳад кард.

 

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *