АхборОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонҲамкорӣҶаҳон

Русия пойгоҳи низомии худро дар Тоҷикистон тақвият медиҳад

Бар асоси иттилои Хадамоти матбуоти Округи марказии ҳарбӣ  ба пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон як қатор маҷмааҳои нави мушакҳои зиддитонкии “Корнет”  ворид шуданд

Дар ин бора  РИА Новости   хабар медиҳад.

“Ба пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон  гурӯҳи системаҳои муосири зиддимушакии зиддитонкӣ (ПТРК) “Корнет”  ворид шуданд. Маҷмааҳои  нав дар воҳидҳои тупхонаи ҷузвитомҳои Русия хидмат мекунанд”,-омадааст дар изҳорот.

Муайян карда шудааст, ки (ПТРК) “Корнет”  барои  аз байн бурдани мошинҳои зиреҳпӯш ва ҳадафҳои ҳавоии душман, аз ҷумла чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин пешбинӣ шудааст. Мушак тавассути нури лазерӣ ба ҳадаф равона карда мешавад. Масофаи ҳаддиаксари оташфишонӣ 5,5 километр, ҳадди ақал 100 метр аст.

Пойгоҳи низомии 201 -и мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин воҳиди низомии Русия дар хориҷ аз марзҳояш буда, дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст. Ба он воҳидҳои туфанги моторӣ, тонкӣ, тӯпхона, воҳидҳои иктишофӣ, воҳидҳои дифоъи ҳавоӣ, муҳофизати РХБ  ва алоқа дохил мешаванд.

Ин иқдоми мақомоти Русия дар ҳоле сурат мегирад, ки пас аз ишғоли Афғонистон аз ҷониби ҳаракати тундрави дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон вазъият дар ин кишвар ноором аст.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *