Осиёи МарказӣСиёсатҶаҳон

Сафорати ИМА дар Кобул аз амрикоиҳо даъват кард, ки фавран Афғонистонро тарк кунанд

Сафорати ИМА дар Кобул аз шаҳрвандони Амрико даъват кард, ки бинобар хатарнок шудани вазъият фавран Афғонистонро тарк кунанд.

“Сафорати ИМА аз шаҳрвандони Амрико даъват мекунад, ки бо истифода аз парвозҳои тиҷоратии мавҷуда фавран Афғонистонро тарк кунанд. Бо назардошти шароити амният ва ихтисор, имкони сафорат барои расонидани кӯмак ба шаҳрвандони ИМА дар Афғонистон, ҳатто дар Кобул, хеле маҳдуд аст”, – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, ки сафорат омода аст барои шаҳрвандоне, ки феълан наметавонанд барои парвози тиҷоратӣ ба Амрико чипта харанд, қарз диҳад.

Сафорат инчунин ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки дар барномаи STEP (Smart Recroll Enrollment Program) сабти ном кунанд, то дар бораи вазъи амният маълумот гиранд ва инчунин сафоратхона дар ҳолати фавқулодда бо онҳо тамос гирад. Сафорат иштирокчиёни барномаро дар бораи парвози оянда  огоҳ мекунад.

Дар Афғонистон бархӯрди нерӯҳои ҳукуматӣ бо Толибон чанд сол боз идома дорад. Дар моҳҳои ахир Толибон қисматҳои зиёди манотиқи деҳот ва марзро ишғол карда, ба шаҳрҳои бузург ҳамла мекунанд. Ташаннуҷи вазъ дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ сурат мегирад, ки онро вазири умури хориҷии Русия эътирофи нокомии рисолати Вашингтон дар Афғонистонро номид.

Соли 2020 Вашингтон ва гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон  дар Доҳа аввалин созишномаи сулҳро пас аз зиёда аз 18 соли ҷанг имзо карданд. Он пешбинӣ мекунад, ки нерӯҳои хориҷӣ дар давоми 14 моҳ аз Афғонистон хориҷ шаванд ва пас аз табодули асирон оғози муколамаи байни афғонҳо пешбинӣ шавад. Вале муколимаи сулҳи байниафғонӣ то кунун ягон натиҷае надодаст.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *