АхборОсиёи МарказӣСиёсат

Тавофуқи Толибон ва Масъуд дар бораи худдорӣ аз гузинаи низомӣ то нишасти баъдӣ

Нахустин дидор миёни намояндагони Толибон ( созмони террористии дар Тоҷикистон мамнуъ)  ва тарафдорони Аҳмад Масъуд асри дирӯз дар маркази вилояти Парвон баргузор шуд.

Дар ин бора Tулӯънюз хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ин нишаст Толибон дар таркиби як ҳайати шашнафара ба раҳбарии Муҳаммад Муҳсин Ҳошимӣ бо як ҳайати дувоздаҳнафараи тарафдорони Аҳмад Масъуд ба раҳбарии Муҳаммадалмос Зоҳид гуфтугӯ карданд.

Муҳаммадалам, як узви ҳайати тарафдорони Масъуд дар саҳифаи Фейсбукаш нигоштааст, ки дар ин гуфтугӯи сесоата афзун ба масоили дигар тавофуқ шудааст, ки ду тараф аз ҳамла ба мавозеи ҳамдигар худдорӣ кунанд. Оқои Эзадӣ дар саҳифаи Фейсбукаш нигоштааст, ки “баъд аз се соати баҳс қарор шуд, ки ҳайати ду тараф паёми  тарафайнро бо раҳбаронашон дар миён бигзоранд ва музокирот барои дастёбӣ ба як сулҳу суботи доимӣ дар кишвар аз сар гирифта шавад ва то баргузории давраи дуввуми музокирот тарафайн ҳеҷ як ҳамлаи мусаллаҳона болои якдигар надошта бошанд”.

Аз сӯи дигар, Толибон мегӯянд, ки дар гуфтугӯи дирӯзашон хоҳони масъалаи Панҷшер шуданд, аммо нируҳои мухолиф мехоҳанд, ки дар бораи сохтори низоми оянда бо Толибон суҳбат кунанд, аз ин сабаб ин гуфтугӯ пешрафти чандоне надоштааст.

Ин гуфтугӯҳо дар ҳоле оғоз шуданд, ки раҳбари ҷабҳаи муқовимат Аҳмад Масъуд эълон кард, ки ӯ омодаи ҳалли мусолиҳатомези масъала аз тариқи музокира  ҳаст ва дар сурати ҳамлаи Толибон ҷабҳаи муқовимат омода аст ба онҳо посух диҳад.

Бояд гуфт, ки Панҷшер танҳо вилояти Афғонистон аст, ки иморати исломии Толибонро напазируфта, аз низоми ҷумҳурӣ ҳимоят мекунад. Бақия 33 вилояти Афғонистон таҳти султаи ин ҳаракат қарор доранд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *