Осиёи МарказӣСиёсатҶаҳон

Тавофуқ дар бораи эҷоди Ситоди муштараки мардумӣ дар баробари Толибон

Рӯзи душанбе, 9 август  раисҷумҳури Афғонистон  Ашраф Ғанӣ ва шуморе аз сиёсатмадорону  раҳбарони кишвар дар нишасте дар Арг  дар бораи эҷоди Ситоди муштараки мардумӣ дар баробари Толибон тавофуқ карданд.

Тибқи иттилои Тулӯънюз дар ин нишаст раисҷумҳур Ғанӣ, Аблулло Абдулло, Абдурасул Сайёф, моршол Абдурашид Дустум, Муҳаммад Муҳаққиқ, Карим Халилӣ, Юнус Қонунӣ, Мансур Нодирӣ, Раҳмон Раҳмонӣ, раиси Маҷлиси намояндагон ва дигар руҷҷоли давлатӣ  ҳузур доштанд.

Дар ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки барои дастгирии хадамоти амниятӣ, хезишҳои мардумиро саривақт мусаллаҳ созанд.

Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки ҳаракати тундрави дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон дар чаҳор рӯзи гузашта марказҳои панҷ вилоятро тасарруф карданд ва ҳамлаҳои густурдаеро дар бахшҳои дигари кишвар роҳандозӣ намуданд.

Дар ҳамин ҳол, манобеъ ба Тулӯънюз мегӯянд, ки Абдулло Абдулло имшаб барои ширкат дар як нишасти серӯза ба Дуҳа меравад.

Интизор меравад, ки дар ин нишаст намояндагони кишварҳои минтақа, Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико дар бораи сулҳи Афғонистон ройзанӣ кунанд. Аммо равшан нест, ки оё оқои Абдулло дидоре бо намояндагони Толибон хоҳад дошт ё на.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *