АхборОсиёи МарказӣСиёсатҶаҳон

Тафсилоти гуфтугӯи Амрико бо Толибон пеш аз фирори Ашраф Ғанӣ маълум шуд

Фирори президент Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон ба халал ёфтани созишномаи байни мақомот ва Толибон ( ҳаракати террористии дар Тоҷикистон мамнӯъ ) дар бораи оташбаси дуҳафтаина ва музокирот дар бораи таъсиси ҳукумати давраи гузариш боис гардид.

Дар ин бора 16 августа  Bloomberg  бо такя ба манобеи огоҳ аз ҷузъиёти созишнома менависад.

Чунин созиш дар гуфтушунид бо иштироки Иёлоти Муттаҳида дар Доҳа ҳосил шуд. Он тақсими қудрат дар кишвар ва интиқоли осоиштаи онро пас аз истеъфои Ғанӣ пешбинӣ менамуд. Интизор мерафт, ки оташбас дар Афғонистон ба президенти собиқ Ҳомид Карзай ва “дигар мансабдорони собиқ ва феълӣ” барои бастани созишнома ва интиқоли  қудрат бо ин гурӯҳи мусаллаҳ имконият фароҳам орад.

Манобеи оҷонсӣ қайд мекунанд, ки чунин пешравии босуръати Толибон ҳатто барои намояндагони онҳо ногаҳонӣ буд, аммо парвози рӯзи якшанбеи Ғанӣ ҳар се ҷонибро, аз ҷумла атрофиёни худи раҳбари давлатро ба ҳайрат овард ва созишномаро бекор кард.

Ҳоло маҷбур кардани Толибон аз тақсими  қудрат дар Афғонистон душвор хоҳад буд.

Ба гуфтаи манобеъ, дар Доҳа мавзӯи аслии музокирот дар ҳоли ҳозир, таъмини интиқоли осоиштаи қудрат ба ҳукумати нав аст, ки на танҳо аз Толибон, балки аз намояндагони тамоми бахшҳои ҷомеаи Афғонистон иборат хоҳад буд.

Рӯзи 15 август ҷангҷӯёни Толиб вориди Кобул шуданд ва баъд аз он онҳо “поёни ҷанг” дар Афғонистонро эълон карданд ва онро “озодии” кишвар унвон доданд. Онҳо дар болои Кохи раёсати ҷумҳурӣ дар Кобул парчами худро афроштанд. Дар ҷараёни музокирот Толибон изҳори омодагӣ накарданд, ки ҳукумати эътилофӣ ташкил кунанд. Сохтори ҳукумат ва шакли идора дар ояндаи наздик муайян карда мешавад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *