АхборОсиёи МарказӣСиёсатҲуқуқи башарҶаҳон

Толибон ба дунболи касоне ҳастанд, ки ба ИМА ва НАТО кумак мекарданд

Толибон ҷустуҷӯи он сокинони Афғонистонро, ки ба ИМА ва НАТО кумак мекарданд, пурзӯр намуданд.

Дар ин бора дар санаде, ки барои СММ омода шудааст ва аз он BBC ва  The New York Times огоҳ шудаанд, гуфта шудааст.

Тавре нашрияҳо менависанд, Толибон бар асоси як рӯйхат дар суроғи одамоне ҳастанд, ки бо амрикоиҳо ҳамкорӣ кардаанд ва мехоҳанд онҳоро “бозпурсӣ карда, ҷазо диҳанд”. Агар ин шахс пайдо нашавад, онҳо таҳдид мекунанд, ки аъзои оилаи ӯро мекушанд ё ҳабс мекунанд. Дар ин миён махсусан низомиён, полис ва онҳое, ки дар мақомоти тафтишотии ҳукумати барканоршуда кор мекарданд, хатари ҷиддӣ доранд. Аз ҷумла, бисёре аз онҳое, ки ҳоло бо умеди тахлия дар фурӯдгоҳи Кобул қарор доранд, ба рӯйхати сиёҳ шомил шудаанд.

Толибон  рӯзноманигоронро низ меҷӯянд. Дар ғарби Афғонистон онҳо як нафарро куштанд ва як хеши дигари хабарнигори Deutsche Welle -ро сахт маҷрӯҳ карданд. Дар ин бора раҳбарияти ширкати расонаҳои олмонӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Толибон рӯзноманигореро меҷӯянд, ки ҳоло дар Олмон аст. Хешовандони дигари ӯ тавонистанд дар охирин лаҳза фирор кунанд ва ҳоло маҷбуранд пинҳон шаванд.

Тибқи иттилои DW, дар Кобул ва вилоятҳо Толибон ба манзилҳои наздикони се корманди ширкат ҳамла кардаанд. Матбуоти Олмон дар як номаи сарво аз ҳукумати Олмон даъват кардааст, ки барои рӯзноманигорони маҳаллӣ, ки дар Афғонистон барои нашрияҳои Олмон кор мекарданд, инчунин барои оилаҳои онҳо барномаи раводиди изтирорӣ омода кунанд.

Ин аъмоли Толибон дар ҳоле рух медиҳад, ки мақомоти баландпояи онҳо борҳо гуфтанд, ки Толибон  барои истиқрори сулҳ ва оромии мардум  ба дунболи қасосгирӣ нестанд ва ҳамаро авф кардаанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *