АхборОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистон

Толибон бузургтарин шаҳри вилояти Балх – Мазори Шарифро ишғол карданд

Ҷангҷӯёни ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон  Мазори Шариф, маркази вилояти Балх ва бузургтарин шаҳри шимоли Афғонистонро ишғол карданд.

Дар ин бора Ассошиэйтед Пресс   бо истинод ба вакили Порлумони маҳаллӣ хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати ожонсӣ, аввал қисмҳои артиши Афғонистон ва сипас дигар нерӯҳои ҷонибдори ҳукумат ба шӯришиён таслим шуданд.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки Толибон дафтари волӣ ва дигар иншоотро тасарруф карданд.

Ҳамин тариқ, аз шаҳрҳои бузурги Афғонистон танҳо Кобул ва Ҷалолобод, маркази вилояти шарқии Нангарҳор дар марз бо Покистон, таҳти назорати ҳукумат боқӣ мемонанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *