АхборОсиёи МарказӣСиёсатҲуқуқи башар

Толибон гуфтанд, ки дар бораи сохтори қудрат дар Афғонистон гуфтушунид хоҳанд кард

Сухангӯи дафтари сиёсии Толибон  Муҳаммад Наим дар RT Arabic гуфт, ки масоили сохтори ояндаи қудрат дар Афғонистон ва номи кишвар бояд ба тариқи  гуфтушунид ҳал карда шаванд.

«Масъалаҳои номи кишвар, сохтори ҳукумат ва раисҷумҳур ё раҳбари ояндаи кишвар  бояд дар музокироти ду ҷониб дар Доҳа баррасӣ ва ба тариқи гуфтушунид ҳал шаванд,”- гуфт Наим.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло вазъ мисли пешина нест ва “сарнавишти мардум ҳарчӣ зудтар бояд ҳал шавад.”

Наим ҳамчунин гуфт, ки ҳоло дар Кобул халои қудрат вуҷуд дорад.

“Мо бо ҳама ашхосе, ки дар масъалаи ояндаи кишвар ақида ва биниши худро доранд ва бо назардошти вазъи зуд тағйирёбанда дар таъсиси  ҳукумати нав саҳм гирифтан мехоҳанд, робита барқарор хоҳем кард. Мо бар асоси  вазъияти зуд тағйирёбанда тасмим хоҳем гирифт”,- афзуд ӯ.

Наим ҳамчунин гуфт, ки Толибон дар бораи макони будубоши Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури пешин, ки кишварро тарк кардааст, хабар надоранд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *