АхборОсиёи МарказӣСиёсатҲуқуқи башар

Толибон дар бораи таъсиси ҳукумати нав мулоқот оғоз мекунанд

Роҳбарони Толибон (ҳаракати  дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ)  дар Кобул бо сиёсатмадорони афғон оид ба ҳукумати нав оғоз мекунанд,

Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба як манбаъ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ҳайати Толибон аз Доҳа  ба Афғонистон омад, то барои иштирок дар муҳокимаи таъсиси ҳукумати фарогир бо сиёсатмадорони кишвар робитаҳо барқарор кунад.

Сухангӯи Толибон  Суҳайл Шоҳин рӯзи панҷшанбе гуфт, ки вақти баргузории интихобот ва қабули Сарқонуни  нав барои Афғонистон вуҷуд надорад; аввал бояд ҳукумати фарогир ташкил карда шавад.

“Дар ҳоли ҳозир дар кишвар холигии қудрат вуҷуд дорад ва  барои баргузории   интихобот фурсат нест. Қабули Сарқонун ва баргузории интихобот пас аз таъсиси  як ҳукумати фарогир дар Афғонистон сурат хоҳанд гирифт “, гуфт Шоҳин дар шабакаи телевизионии Чин CGTN.

Вазъият дар Афгонистон хусусан дар хафтаҳои охир, бо ишғоли шаҳрҳои калон аз ҷониби Толибон тезутунд шуд. Рӯзи якшанбе расонаҳо ва манобеъ гуфтанд, ки шӯришиён тамоми гузаргоҳҳои марзиро таҳти назорат гирифтанд. Дертар ҷангиён  вориди Кобул шуда, Қасри раёсатҷумҳуриро таҳти назорат гирифтаанд. Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки “барои пешгирии қатли ом” кишварро тарк кардааст. Шаби душанбе намояндаи дафтари сиёсии Толибон  Муҳаммад Наим эълон кард, ки ҷанг дар Афғонистон ба охир расидааст.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *