АхборОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонҲуқуқи башар

Толибон Карзай ва Абдуллоро ба ҳабси хонагӣ гирифтанд

Толибон (созмони террористии дар Тоҷикистон мамнӯъ) президенти собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай ва раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ Абдулло Абдуллоро ба ҳабси хонагӣ гирифтанд.

Дар ин бора CNN бо истинод ба як манбаъ хабар медиҳад.

Карзай ва Абдулло ҳамчунин узви Шӯрои интиқолии  Афғонистон ҳастанд, ки интиқоли қудратро ба Толибон таъмин мекунад. Аммо ҷангҷӯён муҳофизони сиёсатмадоронро халъи силоҳ ва пароканда карданд ва сипас мошинҳои шахсии онҳоро бурданд. Гузашта аз ин, Толибон  манзили ҳар ду раҳбари Афғонистонро мавриди кофтуков қарор доданд.

Вале намояндаи Толибон ин хабарро такзиб кард ва гуфт, ки Ҳомид Карзай ва Абдулло Абдулло дар шаҳри Кобул қарор доранд ва амнияти онҳо аз ҷониби ҷангтёни ин гурӯҳ таъмин карда мешавад.

Пештар хабар дода шуд, ки Ҳомид Карзай, Абдуддоҳ Абдуллоҳ, вазири умури хориҷии Афғонистон Ҳаниф Атмар ва раҳбари Ҳизби исломӣ Гулбеддин Ҳикматёр ба шӯрои 12-нафараи идораи Афғонистон шомил хоҳанд шуд. Толибон номзадии онҳоро  дар якҷоягӣ бо се намояндаи худашон ба мувофиқа расониданд.

Рӯзи 23 август Толибон пас аз  фирори раисҷумҳури Афғонистон  Ашраф Ғанӣ ба ҳамаи мансабдорони ҳукумати Афғонистон афв эълон карданд. Дар изҳороти худ онҳо аз мансабдороне, ки кишварро тарк кардаанд, даъват кардаанд, ки дубора ба зиндагии осоишта баргарданд. Ҷангҷӯён инчунин амнияти ҳамаи сокинони ҷумҳуриро, новобаста аз миллаташон, кафолат доданд.

 

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *