АхборОсиёи МарказӣСиёсат

Трамп аз артиши ИМА даъват кард, ки барои бозгашт ба Афғонистон омода бошанд

Президенти пешини ИМА Доналд Трамп бар ин назар аст, ки артиши ИМА бояд барои бозгашт ба Афғонистон омода бошад.

Вай дар ин бора рӯзи якшанбеи 22 август дар як гирдиҳамоии ҷонибдоронаш дар Алабама хабар дод.

“Мо бояд ворид шавем,  ин корро бояд дар  замоне, ки дуруст меҳисобем, иҷро кунем. Ва ҳоло мумкин аст маҷбур ба вуруд шавем, зеро ин марде, ки кишвари моро идора мекунад, қарори даҳшатборе дар бораи хурӯҷи тамоми артиши пурқудрати моро қабул кардааст. Шояд моро маҷбур кунанд, ки вориди <…> шавем »,- гуфт роҳбари пешини Кохи Сафед. Ин гирдиҳамоиро шабакаи телевизионии CBS42 пахш кард.

Трамп инчунин қайд кард, ки шаҳрвандони Амрико дар Афғонистон назар ба гуфтаи президенти кунунии ИМА Ҷо Байден хеле зиёданд. Илова бар ин, ба гуфтаи Трамп, дар Афғонистон на хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ, балки таслимшавӣ вуҷуд дорад. Вай чунин мешуморад, ки артиши ИМА «дар ҳоли вогузорӣ ба душман аст». Президенти собиқ ишора кард, ки маъмурияти кунунӣ 83 миллиард доллар таҷҳизот, пойгоҳҳои низомии муҷаҳҳаз ва як бинои гаронбаҳои сафоратро дар Афғонистон боқӣ гузоштааст.

Сиёсатмадор ҳамчунин  фирори президенти Афғонистон Ашраф Ғаниро шарҳ дод. Трамп ӯро қаллобе номид, ки “бо пули зиёд” аз кишвар фирор кардааст.

Дар ҳамин ҳол, собиқ раисиҷумҳур муътақид аст, ки Русия “дубора вориди Афғонистон” мешавад. Вай афзуд, ки шунидааст Русия  дубора дар ҳоли баргашт аст.

Трамп қаблан маъмурияти кунунии Амрикоро барои вазъи Афғонистон интиқод карда буд. Аз ҷумла, 20 август ӯ гуфт, ки қарори Байден дар бораи хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон “бузургтарин иштибоҳи стратегӣ” аст.

18 август Трамп эълом дошт, ки тақрибан 40 ҳазор амрикоиҳое, ки Афғонистонро тарк карданӣ мешаванд, метавонанд дар дасти  Толибон (созмони террористии дар Тоҷикистон мамнӯъ) гаравгон бошанд. Вай ҳамчунин афзуд, ки амалиёти хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро бузургтарин таҳқир барои Амрико медонад.

15 август Толибон вориди Кобул шуданд ва аз “поёни ҷанг” дар Афғонистонро хабар доданд. Президент Ашраф Ғанӣ истеъфо дод ва кишварро тарк кард.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *