АхборОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонҲуқуқи башарҶаҳон

Фушурдаи рӯйдодҳои ахири Афғонистон

Як генерали баландмақоми артиши Афғонистон, ки нахост номаш ифшо шавад, боздошти Амир Муҳаммад Исмоилхонро ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод. Ба гуфтаи ин низомии аршади артиш, нахуст волии вилояти Ҳирот, қумондони амнияти вилоят, қумондони кулли урдуи вилоят ба ҷониби Толибон мегузаранд. “Ин афрод Исмоилхонро ба як ҷаласа даъват мекунанд ва баъдан Толибонро  низ даъват мекунанд, ки мо таслим ҳастем. Исмоилхон, ки бидуни силоҳу лавозимот ба ин ҷаласа омада буд, дигар коре карда наметавонад ва асир меафтад”, – гуфт манбаъ.

 Амруллоҳи Солеҳ, ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон дар қаламрави Тоҷикистон қарор надорад, – хабар додаанд дар КДАМ Тоҷикистон ба хабаргузории РИА Новости. Ахиран дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн гардид, ки гӯиё Амруллоҳи Солеҳ тариқи чархбол ба Тоҷикистон фирор кардааст.

Бритониё хуруҷи нерӯҳои амрикоиро аз Афғонистон интиқод кард ва онро иштибоҳ номид. Бен Уоллес, вазири дифоъи Бритониё рӯзи ҷумъаи 13 август дар сӯҳбат бо Sky News гуфт: “Созишномаи Доҳа як иштибоҳ буд. Ҷомеаи байналмилалӣ самари ин иштибоҳро хоҳад чашид”. Ӯ дар мусоҳибааш бо Радиои LBC гуфт, агар дар заминаи пешрафти Толибон гурӯҳи террористии «Ал-Қоида» ҷойгоҳи худро дар Афғонистон устувор кунад, эҳтимол дорад, кишварҳои Ғарб низомиёни худро ба Афғонистон баргардонанд.

Ҳудуди 3 ҳазор низомиёни амрикоӣ давоми 48 соати наздик ба Афғонистон фиристода мешаванд. Дар ин бора CNN бо истинод ба намояндаи расмии Департаменти давлатии ИМА Нед Прайс иттилоъ додааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ( ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯъ)  дар посух ба суол дар бораи он, ки ин гуруҳ кай вориди Кобул хоҳад шуд, ба Sputnik Афғонистон гуфтааст, ки масъалаҳои боқимонда бо гуфтугӯ бояд ҳал шаванд, вагарна осон вориди Кобул хоҳанд шуд. “Агар масъалаҳои боқимонда тавассути муколама ҳал нашаванд, мо бояд тавассути роҳи ҳалли низомӣ вориди Кобул шавем ва ин зуд ва осон хоҳад буд”, – мегӯяд Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон бо нашри як изҳороти тунд дар саҳфаи расмияш дар Фейсбук гуфт, ки таҳти ҳеҷ шароите ва  дар баробари ҳеч имтиёзе, султаталабиро болои мардуми Афғонистон намепазирем. Ин изҳорот, ки  чанд лаҳза пеш  нашр шуд, пас аз хабарҳои эҳтимоли оташбаси шашмоҳа ва истеъфои Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон, мебошад.

Толибон  дар вилоятҳои забтшудаи Афғонистон ба ҷорӣ кардани андозҳои нав ва муқаррар кардани қоидаҳои худ шурӯъ карданд, гуфт Абдулҳалақ Тахорӣ, сокини вилояти Таҳор, воқеъ дар шимолу шарқи Афғонистон ба хабаргузории  РИА Новости. “Мутобиқи он мардон бояд либоси махсус пӯшанд ва риши худро натарошанд.  Занон бошанд, бояд  ба кӯча ҳамроҳи марди хона бароянд”, – гуфт Тахорӣ.

Раисиҷумҳури Булғористон Румен Радев дар бораи афзоиши теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар марзи ин кишвар гуфт:“Толибон  Афғонистонро дубора ба даст мегиранд ва ин боиси авҷ гирифтани бӯҳрони муҳоҷират дар Аврупо мегардад. Булғористон дар наздикии сарҳади хушкии ИА ҷойгир аст ва дар роҳи ин ҷараён қарор дорад.  Аз ин рӯ, хавф барои мо низ меафзояд. Бинобар ин ман шахсан тасмим гирифтам, ки вазъи сарҳадро арзёбӣ кунам ”, – хабар дод ТАСС бо истинод ба раисҷумҳури Булғористон.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *