АхборОсиёи МарказӣСиёсатҶаҳон

Фушурдаи рӯйдодҳои ахири Афғонистон

Вазъият дар Афғонистон дар ҳафтаи ахир бо ҳамлаҳои ҷангиёни Толибон ба шаҳрҳои бузурги ин кишвар муташанниҷ гардид. Рӯзи якшанбе расонаҳо ва манобеъ хабар доданд, ки Толибон тамоми гузаргоҳҳои марзии Афғонистонро назорат мекунанд ва пойтахти кишвар шаҳри Кобулро иҳота кардаанд. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилое, ки аз Кобул мерасад, вазъ чандон возеҳ нест. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар Твиттер навишт, ки “мо ба ҷанговарони худ амр додем, ки дар даромадгоҳҳои Кобул бимонанд ва ба шаҳр ҳамла накунанд”.

Иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои дохилаи Афғонистон Абдул Саттор Мирзоқавл гуфт, ки ҳеҷ гуна ҳамла ба Кобул сурат нахоҳад гирифт ва интиқоли  қудрат ба таври осоишта баргузор хоҳад шуд. Ӯ афзуд, ки Толибон ҳамчунин ба ҳама афсарон ва мансабдорон афв ваъда карданд,- хабар медиҳад хабаргузории Tolo News.

Телевизиони арабии Ал Арабия иддао дорад, ки интиқоли қудрат имрӯз дар Арги раёсати ҷумҳурӣ дар Кобул сурат мегирад ва Ашраф Ғанӣ мумкин аст дар чанд соати наздик истеъфои худро эълон кунад. Субҳи рӯзи якшанбе Ғанӣ бо намояндаи вижаи ИМА оид ба сулҳи Афғонистон Залмай Халилзод ва мақомоти баландпояи НАТО машваратҳои фаврӣ оғоз кард.

Аз ин пеш Ал Арабия хабар дода буд, ки ҳайати намояндагони ҳаракати Толибон  ба қасри Раёсати ҷумҳурӣ дар Кобул омадаанд. Онҳо ният доранд бо Ҳукумат масъалаҳои таслими осоиштаи пойтахти Афғонистон ва интиқоли қудратро баррасӣ кунанд.

Ҳар гуна амали ҷангҷӯёни ҷунбиши тундрави исломгарои Толибон бар зидди кормандони намояндагиҳои низомӣ ё дипломатии ИМА дар Афғонистон бо “вокуниши сареъ ва қавии” артиши Амрико рӯбарӯ хоҳад шуд. Дар ин бора дар изҳороти президенти ИМА Ҷо Байден, ки рӯзи шанбеи 14 август дар вебсайти Кохи Сафед нашр шудааст, гуфта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Толибон субҳи якшанбеи 15 август шаҳри бузурги Ҷалолобод, маркази маъмурии вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистонро таҳти назорат гирифт. Ба гуфтаи ду узви Шӯрои вилоятӣ ва як сокини маҳаллӣ маркази вилоятро исломгароён бидуни ҷанг забт кардаанд.  Шаби пеш онҳо шаҳри Мазори Шариф,  маркази муҳими шимоли Афғонистонро қариб бидуни ҷанг забт карданд.

Аҳмадшоҳ Балхӣ, яке аз наздикони  Атомуҳаммади Нур  ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, раҳбари Ҷамъияти исломӣ Атомуҳаммад Нур ва Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон моршол Дустум дар шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон қарор доранд ва бо роҳбарияти ин кишвар мавзӯи ҷобаҷоии нерӯҳои ду ҷониб дар қаламрави ин кишварро баррасӣ мекунанд. “Ин нерӯҳо, ки тақрибан 5 ҳазор нафарро ташкил мекунад, тариқи пули “Дӯстӣ”, миёни шаҳраки Ҳайратони Афғонистону Тирмизи Ӯзбекистон, ба қаламрави Ӯзбекистон  гузаштан мехоҳанд”, – гуфт ӯ.

Замир Кобулов, фиристодаи махсуси Президенти Федератсиюни Русия дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки Маскав ҳамроҳ бо шарикон дар бораи даъвати Ҷаласаи изтирории Шӯрои Амнияти СММ оид ба Афғонистон кор мекунад.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова вазъияти Афғонистонро шарҳ дод. Ӯ дар Telegram навишт: “Тааҷҷубовар, аммо воқуият ин аст, ки  дар Афғонистон муқовимати ду қувва вуҷуд дорад, ки ҳарду натиҷаи раванди тафаккури ИМА мебошанд”. Вай таъкид кард, ки “ҷаҳон натиҷаи даҳшатноки таҷрибаи дигари таърихии Вашингтонро тамошо мекунад.”

Аъзои ҳукумати Афғонистон ва ҳамчунин шуморе аз вакилони Порлумон бо ҳавопаймои Покистон Эйрвейз ба Исломобод парвоз карданд. Дар ин бора имрӯз, 15 август, раиси Порлумони Афғонистон хабар дод.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *