АхборДинОсиёи МарказӣСиёсатҲуқуқи башарҶаҳонҶомеа

Фушурдаи рӯйдодҳои ахири Афғонистон

Бино ба гузориши маҷаллаи фаронсавии Paris Match, Аҳмад Масъуди хурдӣ, писари сарлашкари афсонавӣ ва қаҳрамони миллии Афғонистон, аз ҳамаи афғонҳо даъват кардааст, ки ба муқовимати зидди Толибон дар Панҷшер ҳамроҳ шаванд.

Тибқи иттилои РИА Новости вазири корҳои хориҷаи Русия Лавров изҳор дошт, ки Федератсиюни Русия дар эътирофи ҳукумати Толибон ( як созмони террористии дар Тоҷикистон мамнӯъ)   шитоб намекунад ва қадамҳои минбаъдаи онҳоро пайгирӣ хоҳад кард.

Толибон  барои мансабдорони ҳукумати собиқи Афғонистон авфи умумӣ  эълон карданд. -“Шумо метавонед ба ҳаёти ҳаррӯзаи худ бо итминони комил баргардед”, – иқтибос овардааст суханони намояндагони ҳаракатро Ожонсии Франс Пресс.

Вакилони Порлумон мегӯянд, Иттиҳодияи Аврупо бояд фавран барои ба эътидол овардани вазъи башардӯстона дар Афғонистон, бо назардошти он, ки Русия ва Чин  кӯшиш доранд, ки ин “холигии сиёсиро пур кунанд”, чора андешад. Дар ин бора дар изҳороти онҳо, ки дар сомонаи Порлумон нашр шудааст, гуфта мешавад.

Хабарнигори РИА Новости менависад, ки чанд зани афғон ба кӯчаҳои Кобул рафтанд, то ҳуқуқҳои онҳоро риоя карда шаванд. Занони ҳиҷобпӯш, вале дар китф сумкаҳои муосири аврупоӣ ва дар даст латтаҳои сафед аз кӯчаҳои шаҳр гузашта, хостори он шуданд, ки  Толибон ба ҳуқуқу озодиҳои сиёсиву шаҳрвандии  занон эҳтиром гузоранд.

Афғонистон эълон кард, ки ҳамаи парвозҳо аз фурӯдгоҳи байналмилалии Кобул қатъ карда шудаанд. Дар ин бора Sky News Arabia бо истинод ба Идораи авиатсияи шаҳрвандии ин кишвар хабар дод. Вазорат гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар фурӯгоҳ “баъзе мушкилоти фаннӣ ҳал мешаванд.” Аз сокинони афғон низ даъват шудааст, ки то огоҳии дигар ба фурӯдгоҳ наоянд.

Бозори саҳмияҳо дар бурсҳои авроқи гаронбаҳо дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико 16 август дар шароити афзоиши мубталоён ба вируси куруно ва ҳамчунин мушкилоти жеополитик дар Афғонистон дар иртибот бо тасарруфи ин кишвар аз ҷониби Толибон  суқут кард.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *