АхборОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонҲуқуқи башарҶаҳон

Фушурдаи рӯйдодҳои ахири Афғонистон

Тибқи иттилои хабаргузории Tolonews бо истинод ба намояндагони маъмурияти зиндон ҷангҷӯёни Толибон  (ҷунбиши дар Тоҷикистон мамнуъ) дар минтақаҳои ишғолнамудаашон дар чанд рӯзи ахир   тақрибан ҳазор маҳбусро раҳо карданд.

Чанде қабл Толибон дар расонаҳо эълон карданд, ки ҷангҷӯёни ин гурӯҳ писари моршол Дӯстум, сарҳанг Ёрмуҳаммад Дӯстумро ба асорат гирифтанд. Аҳмади Нерӯ, сӯхангӯи моршол Дӯстум ба Sputnik Тоҷикистон ин иддаои Толибонро рад кард ва гуфт ҳоло Ёрмуҳаммад дар Мазори Шариф дар назди падараш қарор дорад.

  Сухангӯи Толибон Забеҳулло Маҷид дар саҳифаи Твиттериаш навиштааст, ки  ҷангҷӯёни ин гурӯҳ  фурӯдгоҳи стратегии маркази вилояти шимолии Қундузро ишғол карданд. Тибқи гузоришҳо, садҳо аъзои нирӯҳои амниятии Афғонистон ба ҷангиён таслим шудаанд. Аммо қисме аз онҳо тавонистанд ба ноҳияи Алиободи Қундуз ақибнишинӣ кунанд.

Шабакаи телевизионии Tolonews дар телеграмканали худ, дар як хабари кӯтоҳ навишт, ки “раванди судури визои Тоҷикистон ба шаҳрвандони Афғонистон мутаваққиф шуд”.

Дар раёсати  иттилоот ва матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ин хабар бепоя аст ва бахши консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Кобул чун пештара кор мекунад ва ҳеч тасмиме барои қатъи судури раводид барои шаҳрвандони Афғонистон  гирифта нашудааст.  Вазорати корҳои  хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин мегӯяд, ки ба далоили амниятӣ ва ҳаводиси ахире, ки дар Афғонистон ҷараён дорад, Тоҷикистон консулгариҳояш дар шаҳрҳои Мазори Шарифи вилояти Балх ва Файзободи вилояти Бадахшони Афғонистонро муваққатан бастааст.

Ҷунбиши Толибон  аз Ҳукумати Афғонистон пешниҳоди нави иштирок дар идоракунии кишварро нагирифтааст, – хабар медиҳад шабакаи телевизионии Ал -Ҷазира бо истинод ба сухангӯи дафтари сиёсии ин ҳаракат дар Қатар. Пештар шабакаи телевизионии Ал -Ҷазира бо такя ба манобеи худ хабар дода буд, ки Ҳукумати Афғонистон иштироки Толибонро  дар идоракунии кишвар бо шарти хотима додани хушунат пешниҳод кард. Ба гуфтаи намояндаи ҷунбиш, Толибон омодаанд дар ҳукумати давраи гузариш шомил шаванд ва қасди сарнагун кардани Президенти Афғонистон Ашраф Ғаниро надоранд.

Донморк (Дания) аз афғонистониҳое, ки барои ин кишвар  тарҷумон будаанд ва ё дар сафорати Донморк дар Кобул кор кардаанд, даъват кард, ки ҳамроҳ бо хешовандони худ ба ин кишвари Искондинови биёянд. Созишнома дар бораи кумак ба мутахассисони  маҳаллӣ як рӯз пеш, 11 август бо иттифоқи орои намояндагони  9 ҳизби Порлумон ба даст омад. Дар ин бора родиюи Донморк хабар медиҳад.

Стив Алтер, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Олмон  гуфт,  ки вазири корҳои дохилии ин кишвар  Хорст Зеехофер амр додааст, ки ихроҷи маҷбурии паноҳандагони афғон бинобар муташанниҷ шудани  вазъ дар ин кишвар муваққатан қатъ карда шавад. “Вазири федералии корҳои дохилӣ бо назардошти рушди вазъи амниятӣ тасмим гирифт, ки ихроҷи гурезаҳои Афғонистонро аз Олмон муваққатан қатъ кунад”, – навиштааст Алтер дар Твиттераш.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *