АмниятАхборОсиёи МарказӣСиёсатҲуқуқи башар

Фушурдаи рӯйдодҳои ахири Афғонистон

Хабаргузории РИА Новости навиштааст, ки  мусиқӣ ва садои занона аз ҷониби ҷараёни тундрави дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон дар шабакаҳои телевизион ва радиои вилояти Қандаҳор манъ шудааст. Тадбири навро як манбаи шӯъбаи фарҳанг ва иттилооти маҳаллӣ ба Пажвок хабар додааст.

Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз 24 соат қабл ба ин сӯ дараи Панҷшер ба шабакаҳои мухобиротӣ дастрасӣ надорад.

“Шояд далелу ангезаашон ин буда бошад, ки аз ин тариқ мехоҳанд ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон фишор ворид кунанд, дар ҳоле ки бахшҳои низомӣ васоили мухобиротии худро доранд ва барои онҳо ҳеҷ мушкил эҷод намешавад, аммо ин мушкил барои оми мардум дар Панҷшер эҷод шуда ва хилофи тамоми қавонин ва меъёрҳои байнулмилалӣ аст, ки набояд чунин мешуд ва ҳоло ҳам “Толибон”* ин иқдомашонро бояд бозбинӣ кунанд”, – гуфт Фаҳими Даштӣ.

Ariana News бо такя ба шоҳидони айнӣ хабар дод, ки шаш нафар, аз ҷумла чаҳор кӯдак қурбони зарбаи мушакӣ дар Кобул шудаанд. Гуфта мешавад, ки ба ҷуз аз шаш қурбонӣ, чаҳор нафари дигар аз зарба маҷрӯҳ шудаанд. Расонаҳо бо истинод ба ду мақоми амрикоӣ навиштанд, ки зарба дар пойтахти Афғонистон аз ҷониби ИМА сурат гирифтааст. Ба гузориши Ассошиэйтед Пресс мушак ба  як мошини ҳомили “чанд нафар интиҳорӣ” , ки қасди амали террористӣ доштанд, бархӯрдааст.

Бонки марказии Афғонистон бо содир намудани як дастур  ба ҳама бонкҳои ин кишвар маҳдудият ҷорӣ кардааст, ки он аз  суратҳисобҳои шахсӣ дар як ҳафта гирифтани танҳо маблағ дар ҳаҷми 200 долларро иҷоза медиҳад. Гуфта мешавад, ки ин иҷдоми  муваққатист ва бинобар мушкилоти молӣ дар кишвар ин тасмим ахз шудааст.

Тибқи гузориши шабакаи телевизионии “Таймс нау” ҷангиёни Толибон  овозхони маъруфи мусиқӣ ва сурудҳои мардумии афғонистонӣ Фавад Андаробиро ба қатл расониданд. Қатли бераҳмонаи овозхон аз сӯи Толибонро писари ӯ низ тасдиқ намуд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *