АхборВарзишОсиёи МарказӣТоҷикистон

Чаҳор рӯйдоди фараҳбахши шатранҷиёни тоҷик дар як рӯз

Дирӯз барои 5  шатранҷии тоҷики муқими  Қазоқистон рӯзи бахосияте буд ва дар ин рӯз дар торихи шатранҷи тоҷик сафҳаҳои хурду бузурге сабт гардиданд, ки онҳо барои баъзеашон  ва ҳам дар таърихи шатранҷи тоҷик ҳоло   чун дастоварди бузург  ва барои дигаронашон  ин рӯз пас аз гузашти солҳо чун рӯзи оғози комёбиҳои минбаъда барои  фатҳи қуллаҳои баланд  дар арсаи шатранҷ  ёд карда шавад.  Биёед, ҳмаашро бо навбат бароятон бигӯям.

Муҳаммадхоҷа  гоме муассир  барои дастёбӣ ба унвони устоди бузург  гузоштэ

Номи Муҳаммадхоҷа  Ҳусейнхоҷаев барои дӯстдорони шатранҷи тоҷик  ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ  ошност. Зеро ӯ дар чанд  соли ахир дар сабқатҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии шатранҷиён басо хуб дурахшид ва пас аз Фаррух Амонатов , нахустин ва ягона устоди бузурги  шатранҷ  дар  Тоҷикистон, дуюмин  шатранҷии неруманди кишвар гардид. Муҳаммадхоҷа ҳоло дорандаи унвони устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ аст ва борҳо  имкон дошт, ки меёри устоди бузургро пурра ва ба арсаи шатранҷи ҷаҳонӣ  роҳ  пайдо бикунад.  Гоҳо ӯ ба ин  хостааш наздик мерасид вале боз  ба ӯ каме омад намекард .Аммо ӯ аз ҷумлаи онҳое нест, ки аз нобарориҳо ноумед ва дилшикаста шавад. Ӯ пайваста машқ мекард ва тавони худро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ месанҷид ва дар ин кор ҳамчунин шатранҷии машҳурамон Фаррух Амонатов ба ӯ  ҳамдастӣ ва мусоидат мекард. Дар натиҷа ӯ дар чанд мусобиқаи байналмилалӣ , аз ҷумла  сабқатҳо дар Қазоқистон  комёбиҳо ба даст овард   ва мутасаддиёни шатранҷи қазоқ ӯро барои мураббигӣ ба Алмаато даъват карданд ва ӯ ҳоло ҳамроҳи бародараш  Мустафохӯҷа, ки низ устоди варзиш аст,  дар ин шаҳр ба кори мураббигӣ пардохтааст.

Кор дар Алмаато ҳамчунин имкони хубе фароҳам сохт, ки Муҳаммадхоҷа бештар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва дохилӣ, ки басо зиёд сурат мегирад, ширкат карда маҳорат ва донишашро дар бозии  шатранҷ боло барад. Чанде пеш як чунин мусобиқаи байналмилалии бонуфуз барои ёдбуди  нахустин устоди бузурги варзиш дар Ӯзбакистон  Георгий Агзамов дар шаҳри Тошканд баргузор шуд. Дар  бахши “А” -и мусобиқа 65  шатранҷбози  ҷаҳон, ки 19 нафарашон устоди бузурги варзиш, 10 нафар  устоди байналмилалӣ ва  12 нафар устоди варзиш буданд, барои соҳиб шудан ба ҷоизаи умумии 25 ҳазор долларӣ рақобат карданд. Муҳаммадхоҷа, ки то ҳоло бо 2383 имтиёз унвони устоди дараҷаи байналмилаиро дорост,  дар ин мусобиқа басо хуб дурахшид. Ӯ  се устоди бузурги варзиш( М.Искандаров  ва  В.Расулов  (ҳарду аз Озарбойҷон) ва Кокарев Дмитрий( Русия)ро шикаст дод ва  се бозии дигарро  бо устодони бузурги варзиш Ҷ.Воҳидов(Ӯзбакистон), М.Мшедлишвили (Гурҷистон) ,М. Петросян(Арманистон) баробар анҷом дод ва танҳо дар як бозӣ бо пирӯзи мусобиқа Ш.Саргсян  шикаст хӯрда дар маҷмуъ аз 9 бозӣ  6,5 имтиёз  касб кард ва мақоми сеюмро соҳиб гардид.  Муҳаммадхоҷа ба ҷуз ҷоизаи хуби пулӣ ҳамчунин ба имтиёзи уумумиаш дар раддабандии шатранҷ 34 имтиёз зам карда бори нахуст нумраи устоди бузурги варзишро  пурра кард. Агар ӯ боз дар ду мусобиқаи дигар чунин нумра бигирад,  соҳиби уновони баланди устоди бузурги варзиш хоҳад гардид. Дар ин роҳ ба Муҳаммадхоҷа пирӯзиҳои тоза орзу мекунем.

Комёбии дурахшони  Ораш

Дуюмин воқиаи фараҳбахши дирӯза комёбии дурахшони Ораш Шоназаров шатранҷбози  15 солаи тоҷики қазоқистонӣ дар мусобиқаи шатранҷиёни шаҳри Алмаато аст. Дар ин мусобиқа, ки ба гунаи клоссик( 90 дақиқа ба ҳар шатранҷӣ )бо ширкати 34 шатранҷбоз дар бошгоҳи  “Шатранҷ” и Алмаато баргузор шуд, Ораш натиҷаи бемонанде ба даст овард. Ӯ дар 8 бозӣ, аз ҷумла ба устоди дараҷаи байналмилалӣ  Бахтиёр Аскаров ва  устоди варзиш Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев пирӯз гардид. Ораш  ягона шатранҷбози мусобиқа  буд, ки ин рақобатро бидуни шикаст  ба поён бурд. Ҷойи дуюмро Б. Аскаров ва мақоми сеюмро М. Ҳусейнхоҷаев, ки  ҳоло аз Тоҷикистон ба Алмаато ба кори мураббигӣ даъват шудааст, соҳиб гардиданд. Ин  натиҷаи Мустафохӯҷа низ дастоварди хубест   ва бовар дорем, ки ӯ минбаъд дар мусобиқаҳо боз ҳам беҳтар ҳунар ишон хоҳад  дод.

Ораш бошад, бо ин пирӯзӣ собит кард, ки ҳоло яке аз нерумандтарин шатранҷиёни  Алмаато  гардидааст ва дар байни ҳамсолони қазоқистониаш низ нуфузи бештаре касб карда, барои гирифтани унвони устоди варзиш басо наздик гардидааст. Ба гуфтаи шатранҷии шинохтаи шаҳри Алмаато, рақиби ҳамешагии набераам Ораш дар мусобиқаҳо устоди варзиши байналмилалӣ Бахтиёр Аскаров  “ Ораш ҳоло  пеш рафтааст ва бозиаш басо қавӣ шудааст” ва аз ӯ  комёбиҳои боз ҳам бузургро метавон интозор шуд.

Гоми нахусти умедбахши Шодона ва Ҳумоюн

Аз  ин рӯйдоди ахир метавонистем чун аввалин дастоварди шатранҷбозони хурдсол, ки шояд арзиши  ҳамагонӣ карданро надошта бошад, сарфи назар бикунем. Вале ҳама гуна комёбиҳои бузург аз дастовардҳо ва нобарориҳои замони кӯдакӣ оғоз мегардад. Ва бовар дорам, ки ин пирӯзии наберагонам барои дар оянда боз ҳам бештару беҳтар дурахшидан як сабаби хубе мегардад.

Шодона ва Ҳумоюн хоҳару бародар, наберагони 9  ва 7 солаам дирӯз дар мусобиқаи шатранҷиён барои дарёфти дараҷаи сеюми варзиш ширкат карда, басо хуб донаронӣ карданд. Шодона аз 10 бозӣ дар 8 тоаш пирӯз гардида танҳо ду бозиро бохт ва бо 8 имтиёз дар гурӯҳи худ мақоми нахуст ва ҳуҷҷати дорандаи дараҷаи сеюми варзишию ҷоизаро соҳиб гардид. Ҳумоюн ҳам комёбии назаррасе ба даст овард, вале ин комёбӣ бо талош ва пайкори пайгирона насибаш гардид. Ӯ дар рӯзи нахусти мусобиқа аз 5 бозӣ дар сетоаш пирӯз шуду ду бозиро бохт ва шонсаш барои касби ҳуҷҷати дорандаи дараҷаи сеюм кам гардид. Ӯ мебоист дар 5 бозии боқимонда ҳадди ақал чаҳор бозиро  мебурд ва бо  7 имтиёзи лозимӣ   метавонист дараҷаи сеюми варзишро соҳиб гардад. Вале Ҳумоюни мо дар рӯзи дуюм муъҷиза кард: ӯ ҳама 5 рақибашро шикаст дод ва чун хоҳараш 8 имтиёз ба даст овард. Вале  як шатранҷӣ бо 9 имтиёз дар гурӯҳ пирӯз гардида буду чун ӯ ду шатранҷии дигар низ 8 имтиёз  доштанд  ва барои муайян кардани ду ҷоизадор рақобати дигаре сурат гирифт. Ҳарду рақиби Ҳумоян ба сол бузург, 12 сола буданд, вале набераи хурдсоли мо аз онҳо наҳаросид ва дар 11 бозии ин рақобат имтиёзи бештаре гирифта,   соҳиби мақоми дуюм ,нишони нуқра, ҳуҷҷати дорандаи дараҷаи сеюм  ва ҷоиза гардид. Ин пирӯзии наберагонам боз аз ин ҷиҳат арзишманд аст, ки  онон дар ду мусобиқаи қаблӣ  меъёри дараҷаи сеюми варзишро пурра карда натавониста буданд, вале  онон рӯҳафтода нашуданд ва бо машқи бардавом  ба мақсад расиданд. Ва аз ҳама асосиаш дирӯз ҳам ба худ ва ҳам ба ҳамаамон як ҷаҳон шодӣ оварданд. Умед дорем, ки ин пирӯзӣ дар оянда ононро ба комёбиҳои бузурге раҳнамун месозад ва бо гузашти солҳо онҳо ин пирӯзиро чун оғози ҳама дастовардҳояшон дар шатранҷ ва ҳам дар зиндагӣ ба ёд меоваранд.

Аз саҳифаи Nasibjon Amoni.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *