АхборСиёсатТоҷикистонҲуқуқи башарҶомеа

Шикояти донишҷӯён аз “маршировка”: Роҳпулӣ надорем!

Як гуруҳ донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шикоят доранд, ки ду моҳ боз барои иштирок дар “маршировка” аз волидон роҳпулӣ талаб мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи онҳо, Донишҷӯёни донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, ки дар як вақт бо эшон тамрин мекунанд, дар ин муддат аз роҳбарияти донишгоҳашон ду маротиба маблағи роҳкиро дастрас кардаанд.

Донишҷӯёни ДМТ, ки нахостанд номашон бурда шавад, мегӯянд, баъзеяшон аз ноҳияҳои гирду атрофи шаҳри Душанбе ҳастанд ва зарур меояд, дар як рӯз барои ба ҷойи маршировка расидан ду-се нақлиёти ҷамъиятӣ ё хусусиро савор шаванд. Ба гуфтаи онҳо, аз ҷониби роҳбарият ваъда гирифтаанд, ки моҳи сентябр ба ҳар кадомашон 200 сомонӣ дода мешавад, вале гилаи донишҷӯён аз он аст, ки роҳкиро алҳол ба онҳо зарур мебошад.

— Илова бар он, ки ба мо роҳкиро намедиҳанд, боз ғизои солим ҳам пешниҳод намекунанд. Тамринҳои мо соати 7-и субҳ оғоз меёбад. Аз ин рӯ, ба хотири дер намондан дар тамринҳо барвақт ба роҳ мебароем ва аксар вақт субҳона карда наметавонем. Ғизои субҳонаи мо дар тамрингоҳ аз як оби нимлитраи хунук ва як дона кулча иборат аст, — шикоят доранд донишҷӯёни ДМТ.

Ёдовар мешавем, ки тамринҳо ба хотири ширкат дар ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон идома доранд ва ба гуфтаи мақомот, 15 ҳазор донишҷӯи донишгоҳҳои пойтахт, барои ширкат дар роҳпаймоиҳо ва намоишномаҳои бахшида ба ин ҷашн ҷалб гардидаанд. Маросим 9-уми сентябри имсол баргузор хоҳад шуд.

Манбаъ: нашрияи “Фараж”.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *