АхборОсиёи МарказӣСиёсатҲуқуқи башарҶаҳон

Ғанӣ эълон кард, ки бо шарикони байналмилалӣ оид ба вазъи Афғонистон машварат мекунад

Мақомоти Афғонистон бо шарикони байналмилалӣ оид ба вазъи кишвар машваратҳо мегузаронанд ва натиҷаи онҳо ба зудӣ эълон хоҳанд кард,-  гуфт президент Ашраф Ғанӣ.

Дар паёми худ  ӯ  қайд кард, ки  барои пешгирии бесуботи минбаъда, зӯроварӣ ва оворагии одамон бинобар муқовимати мақомот ва Толибон тамаркуз мекунад .

“Бо ин мақсад, ман  дар дохили ҳукумат ва берун аз он бо раҳбарони сиёсӣ ва шарикони байналмилалӣ машваратҳои густурда  оғоз кардам ва ба зудӣ натиҷаҳои онро эълом хоҳам кард”-  навиштааст  TOLOnews бо истинод ба Ғанӣ.

Тавре қаблан хабаргузории Ассошиэйтед Пресс иттилоъ дода буд, Толибон вилояти Логари Афғонистонро ишғол кардаанд ва дар камтар аз 80 километрии ҷануби Кобул ҷойгир шудаанд.

Вазорати дифои Амрико гуфт, ки артиши Амрико ба интиқоли нерӯҳои иловагӣ ба пойтахти Афғонистон шурӯъ кардааст.

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ва раҳбари Пентагон Ллойд Остин қаблан Ғаниро ба дастгирии ИМА дар таъмини амнияти давлатӣ мутмаин карда буданд.

Ин изҳороти Ғанӣ дар ҳоле ироа мегардад, ки  пас хурӯҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз кишвар ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон бисёре аз марказҳои вулусволӣ ва вилоятҳои Афғонистонро ишғол карданд ва ба пойтахти кишвар шаҳри Кобул наздик мешаванд ва овозаҳое ҳам ҳаст, ки эҳтимол дорад Ашраф Ғанӣ ба истеъфо равад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *