Осиёи МарказӣСиёсатТоҷикистон

Қирғизистон дар бораи кай боз шудани марз бо Тоҷикистон хабар дод

Котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов дар як мизи мудаввар дар Бишкек изҳор дошт, ки сарҳад пас аз  ҳалли мушкилоти марзӣ бо Тоҷикистон боз хоҳад шуд.

Дар ин бора хабаргузории  ​​24.kg иттилоъ дод.

Котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон хотиррасон кард, ки Қирғизистон аввалин шуда марзҳояшро набаст, балки танҳо ба иқдоми Тоҷикистон посух дод.

«Ҳоло мо дар якҷоягӣ бо ҳамкасбони тоҷики худ оид ба муайян ва аломатгузорӣ кардани сарҳади давлатӣ зич ҳамкорӣ дорем. Ҳамчунин  президентҳои кишварҳои мо бо ҳам мулоқот доир намуда, мушкилоти марзиро баррасӣ карданд. Вақте ки масъалаҳои марзӣ бо Тоҷикистон  ҳал мешаванд, сарҳад низ боз  мешавад ”, – гуфт ӯ.

Бояд гуфт, ки тибқи иттилои Sputnik Қирғизистон нахуст маълумот дар  бораи баста шудани марз бо Тоҷикистон 24 май аз забони раиси Кобинаи вазирони Қирғизистон Улуғбек Марипов садо дод ва сипас онро КДАМ-и кишвар тасдиқ кард. Бино ба иттилои Кобинаи вазирон, аз 24 май ба шаҳрвандони Тоҷикистон вуруд, будубош ва ҳаракат тавассути қаламрави Қирғизистон маҳдуд карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки маҳдудиятҳои марзӣ  ҳанӯз дар вақти ташдиди таниш – охири апрел сар шуда буд. Қирғизистон гузаргоҳҳояшро 29 апрел баст ва гуфт, ин иқдомро ба хотири таъмини амният пеш гирифтааст.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *