АхборОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистон

Ҳамла ба манзили Вазири дифои Афғонистон Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ дар Кобул

Вазорати умури дохилаи Афғонистон таъйид мекунад, ки дар ҳамлаи шаби гузашта бар хонаи Вазири дифои Афғонистон Бисмиллохон Муҳаммадӣ дар Кобул 8 тан ба шумули 1 зан ҷон бохтанд ва беш аз бист тани дигар захм бардоштанд.

Дар ин бораи хабаргузории TOLO хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар бораи ҳувияти қурбониён то ба ҳанӯз ҷузъиёт ироа нагардидааст. Ин ҳамла соати 8 шаби гузашта дар минтақаи Ширпури шаҳри  Кобул ҳангоме сурат гирифт, ки як мошини маводи таркандадор дар наздикии манзили Вазири дифои Афғонистон мунфаҷир гардид  ва сипас чаҳор нафари мусаллаҳ бо посбонон даргир шуданд.

Дар изҳороти Вазорати умури дохилаи Афғонистон омадааст, ки ҳангоми ҳамла худи оқои Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ дар хона ҳузур надоштааст. Даргирӣ миёни нирӯҳои амниятӣ ва муҳоҷимон 5 соат давом кард. Манобеъи амниятӣ мегӯянд, ки як нафар муҳофизи оқои Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ низ дар ин ҳамла ҷон бохт ва як нафарашон захм бардоштааст. Толибон масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтанд.

Раиси Шӯрои олии мусолеҳаи миллӣ доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо нашри як паём дар саҳифааш дар Фейсбук  ин  ҳамларо  маҳкум кард.

Ҷанрол Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ,  тоҷик, узви Шӯрои Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай низ лудиристиз – сардори Ситоди вазорати дифоъ буд, моҳи июн ба ҷойи  Асадуллоҳ Холид, паштун ва узви Ҳизби даъвати Расули Сайёф ба мақоми вазири дифои Афғонистон интихоб шуд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *