Илм ва маорифОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистон

Ҳафиз Бобоёров: Сияҳчоли ҳаракати толибонӣ ( дидгоҳ)

Ҳафиз Бобоёров, донишманд, коршиноси масоили сиёсӣ.

Чанд нуктаи кӯтоҳ дар бораи ин ҳаракати ҷоҳил ва даҳшатафкан дар Афғонистон ва минтақа

Фарқ дар байни Ҳаракати даҳшатафкани Толибон ва ҳукумати кунунии Афғонистон ҷузъӣ аст, на усулӣ. Яке “ҷумҳурии исломӣ” сохтааст ва дигаре иддао мекунад “аморати исломӣ” хоҳад овард (ДОИШ “хилофати исломӣ” сохтанист). Дар ҷумҳурии исломӣ мардум ҳукумати худро интихоб мекунад ва охирӣ аз рӯи талаботи шариати исломӣ давлатдорӣ мекунад. Ихтилофи асосии Толибон бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон асосан марбут ба интихоботи демократӣ аст, дар ҳоле ки онҳо ҳукумати худро ба иродаи мардум тобеъ карданӣ нестанд.

Ҳар ду ва ё ҳар се шакли давлатдорӣ – “ҷумҳурии исломӣ”, “аморати исломӣ” ва “хилофати исломӣ” аз ҳам фарқи усулӣ надоранд, чун ҳар се қонунҳои худро ба шариати исломӣ устувор мекунанд.

Аммо саволе ба миён меояд:

Чаро имрӯзҳо “ҷумҳурии исломӣ” дигар мавриди эътимоди ҳамагонӣ нест, дар ҳоле ки ҳаракати Толибон минтақаҳои нав ба навро дар Афғонистон тасарруф мекунад ва зоҳиран на онҳо бо мардум ва на мардум бо онҳо ихтилофоти ҷиддие надоранд, чуноне ки қариб сӣ сол пеш доштанд?

Фарзияҳо метавонанд гуногун бошанд, вале як чӣ дақиқ аст: Мардум дар байни низомҳои давлатдории “ҷумҳурии исломӣ”, “аморати исломӣ” ва ё “хилофати исломӣ” фарқияти усулӣ намебинад. Тасарруфи осони марказҳои маъмурӣ дар шимоли Афғонистон нишон медиҳад, ки мардум ба “хезиши мардумӣ” ва пешвоёни он беалоқа гаштаанд.

Солҳои охир эътирозҳои зиёде шунида мешуд, ки ҳукумати “ҷумҳурии исломӣ” фасодзада аст. Тӯли 20 сол, ки он ҳам аз ҷониби неруҳои НАТО пуштибонӣ мешуду ҳам кӯмакҳои молии беҳисоб аз Ғарб ба даст меовард, на барои некуаҳволии мардум, балки барои сарватмандшавии худ кор мекарданд. Ҳама кас ва ҳама чӣ харида ва фурӯхта мешуд. Дигар пешвоёни “ҷабҳаи шимол” дар қасрҳои шоҳонаи худ менишастанд ва неруҳои хориҷӣ онҳоро аз хатари ҳаракати Толибон ҳимоя мекард.

Оқибати ҳаракати толибонӣ, ки дар муқобили ҳукумати фасодзадаи “ҷумҳурии исломӣ” пирӯз мегардад,  ҳанӯз рӯшан нест. Вале як чӣ аниқ аст:

Ҳар ҳукумати фасодзада дар муқобили ҳаракати ҷоҳил ва даҳшатафкани толибонӣ сахт осебпазир аст. Чун он яке аз омилҳои асосии ташаккули чунин ҳаракат ба шумор меравад, дер ё зуд дар ин гирдоб фурӯ хоҳад рафт. Ҳамон гуна ки ситора дар сияҳчоли худ…

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *