АхборОсиёи МарказӣСиёсат

Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён ба мақоми вазири нави корҳои хориҷаи Эрон пешбарӣ гардид

Раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон Иброҳими Раисӣ рӯйхати вазирони пешниҳодии худро ба маҷлиси Шӯрои исломӣ ироа кард.

Дар ин рӯйхат номи Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён ба унвони вазири корҳои хориҷаи Эрон пешбарӣ гардидааст.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА  Абдуллоҳиён аз сӯи раисҷумҳур Иброҳими Раисӣ ба унвони вазири пешниҳодии корҳои хориҷаи Эрон ба маҷлиси Шӯрои исломӣ муаррифӣ шуд

Ӯ  аз сиёсатмадорони шинохташудаи зиддиғарбии дастгоҳи дисломусии Эрон буда,  муддати се сол ба ҳайси  муовини  Муҳаммадҷаводи Зариф ифои вазифа кардааст.

Гуфта мешавад, ки Абдуллоҳиён бо нерӯҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон робитаҳои наздик дорад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *