СиёсатҲуқуқи башарҶаҳон

Ҷо Байден таҳримҳои зидди Беларусро густариш дод

Президенти ИМА Ҷо Байден таҳримҳои иқтисодии алайҳи Беларусро густариш дод.

Дар ин бора дар як изҳороти ӯ дар сомонаи  Кохи Сафед хабар дода шудааст.

Раҳбари Амрико гуфт, ки амалҳои ғайриқонунии Минск барои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии ИМА хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Дар байни чунин амалҳо ӯ саркӯбии сиёсӣ, интихоботи тақаллубии президентӣ, ҳамлаҳо ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хатарҳои байналмилалии ҳавопаймоҳои шаҳрвандиро номбар кард.

Маҳдудиятҳои нав ниҳодҳои давлатии Беларус, бахшҳои дифоъ ва энержиро таҳти таъсир қарор дод. Бино ба иттилои РИА Новости  онҳо 23 шахси воқеӣ ва 21 шахси ҳуқуқиро  дар бар гирифтанд. Аз ҷумла, ҶСК “Беларускалий”, ки яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони нурии маъдании калий дар ҷаҳон аст, ба чораҳои маҳдудкунанда афтод.

Илова бар ин, ИМА алайҳи Кумитаи миллии олимпии Беларус таҳримот ҷорӣ кард. Кумита дар мусоидат ба шустушӯи пул ва интиқоми сиёсӣ алайҳи варзишгарон айбдор карда шуд.

Ин бори аввал нест, ки ҷониби Амрико алайҳи режими  Александр Лукашенко таҳрим ҷорӣ мекунад. Моҳи июн Вашингтон ба рӯйхати таҳримҳо шаш шахси ҳуқуқӣ ва 16 шахси воқеии ҷумҳуриро шомил кард.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *