АхборОсиёи Марказӣ

Ӯзбакистон як ҳавопаймои нирӯҳои ҳавоии Афғонистонро сарнагун кард

Нерӯҳои дифоъи ҳавоии Ӯзбакистон  кӯшиши як ҳавопаймои нирӯҳои ҳавоии Афғонистонро барои вайрон кардани сарҳади ҳавоии ҷумҳурӣ пешгирӣ карданд.

Дар ин бора УНН бо такя ба як баёнияи дафтари матбуоти Вазорати дифои Ӯзбакистон хабар медиҳад.

Ҳавопаймои нирӯҳои ҳавоии Афғонистон аз сӯи нирӯҳои дифоъи ҳавоӣ ҳангоми кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳад суқут дода шуд.

Ҳарду халабон дар ҳолати вазнин дар бемористони шаҳри Тирмиз қарор доранд.

Қаблан Вазорати дифои Узбакистон аз суқути як ҳавопаймои Нерӯҳои Ҳавоии Афғонистон дар марзи Сурхондарё хабар дода буд

Хадамоти матбуоти вазорат тавзеҳ дод, ки ҳоло намояндагони қувваҳои мусалла ва ниҳодҳои амниятӣ аз рӯи ин далел тафтишот мебаранд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *