ДидгоҳСиёсатТоҷикистонҶомеа

Абдуқодири Рустам: “Магар ҳама мансабдорон ба гирифтани ордену медалҳо сазоворанд?”

Имрӯз фейсбук пур аз акси мансабдоронест, ки ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлоли кишвар аз ҷониби президент мушарраф ба дарёфти ордену медолҳо шудаанд.  Ва корбароне, ки акси мақомдорони ҳамшаҳрӣ, ҳамтабақ ва ё роҳбарони худро пас аз дарёфти ордену медол дар паҳлӯйи президент пахш кардаанд, ҳамагӣ дар зери  акс навиштаанд: шумо сазоворед!  Вале суоле дар зеҳнам матраҳ шуд: инҳо чӣ кор карданд, ки ҳама сазоворанд? Агар сазоворанд: чаро саронаи тавлиди нохолиси дохилӣ  (ВВП) дар Тоҷикистон  камтарин дар миёни кишварҳои шӯравии собиқ   аст? Чаро мардуми Тоҷикистон камтарин мизони маош ва ночизтарин нафақапулӣ мегиранд? Чаро аз назари мизони бекорӣ  мо кишвари аввали  шӯравии собиқ ҳастем?  Чаро ба сатҳи кишварҳои қафомондаи   африқоӣ нузул кардем?! Чаро сатҳи маърифат ин қадр поин шуда, ки Тоҷикистон аз лиҳози  аъзои ДОИШ дар мақоми аввали кишварҳои мусалмонии  шӯравии собиқ қарор дошт? Чаро фасоди молию ришвахорӣ ба гунаи бесобиқа рушд кард?    Истиқлол бузургтарин арзиши миллист…… Вале чаро истиқлолро ба ҳадде хор карданд, ки насли бузургсоли мо орзуи бозгашт ба Шӯравиро дорад ва насли ҷавон таманнои шаҳрвандии Русияро?

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *