АмниятДидгоҳДинСиёсатТоҷикистонҲуқуқи башар

Агар Ҳукумати Тоҷикистон зиндониёни сиёсиро озод мекард…

Саидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, рӯзноманигор

Озод кардани зиндониёни сиёсӣ дар арафаи ҷашни Истиқлол аз интизориҳои аслии ҷомеаи бедори тоҷик буд, ки иттифоқ науфтоду нокорагии дастгоҳи идораи давлат ва беҳимматии меросхурон ё машваратчиёни аслии президент Эмомалӣ Раҳмонро ба тамошо гузашт.

Агар мушкили Панҷшер пеш намеомаду мушкилоти дохилиро дувумдараҷа намекард, мо имрӯзҳо шоҳиди пасттарин сатҳи эътимоди мардум ба ҳукумат дар ин 30 сол мебудем.

Вазъи амнияти хеле тағйир кард, вале ҳоло хам дер нашудааст.

Пеш аз сафар ба Иттиҳоди Аврупо президент метавонад зиндониёни сиёсиро  озод кунад. Ҳиҷ кадоме аз онҳо, ки ман аксарияташонро мешиносам  хатаре барои қудрату давлатдории миллӣ надоранд. Шубҳае нест, ки инчунин иқдом пояҳои давлатдориро устувор мекунад.

Бар замми ин, рушан аст, ки дар ин вазъи амниятӣ ҳама раҳбарони мақомоти қудратӣ ва назоратӣ (шояд ба ҷуз Додситони кулл Юсуф Раҳмон) мақомҳояшонро ҳифз мекунанду дар замони раҳбарии онҳо озод кардани зиндониёни сиесӣ ба чанд ҷиҳат мувофиқи максад мебуд.

Аввал ин ки  онҳо хубтар аз ҳар каси дигар медонанд, ки кӣ гунахкор асту кӣ на. Дувум ин ки  инчунин масъулиятро бар сари раҳбарони нав ва умедворам ҷавону поктар бор кардан аз рӯи инсоф несту аз фарҳанги пасти раҳбарӣ далолат мекунад.

Ва ниҳоят бо инчунин бори вазнини виҷдон ба нафақа равон кардани генералҳо ҳам аз инсондӯстии ҳич сиёсатмадору давлатсоз далолат намекунад.

Мусаллам аст, ки ҳар раҳбари мақомот, ки зидди озод кардани зиндониёни сиесӣ дар ҳамин шабу рӯз бошад, ё андешаи миллатсозӣ надорад ё ба давлатдории миллӣ содиқ нест, ё одампуфак аст.

Барои огоҳон озод кардани ин гуруҳ зиндониён дигар масъалаи сиесӣ нест, балки башарӣ ва ахлоқӣ аст. Пас салоҳ аст, ки ҳар тан аз мо озодии онҳоро талаб кунад.

Оё шумои гироми, ин сатрҳоро хондед, мувофиқед?

Агар ҳа, қурбонатон!

Агар на, ваҷҳу далел биоред, то ҷомеа ва хоса пайвандони зиндониёни сиёсӣ бо шумули ҳамин додарро муътақид созед, ки ҳақ ба ҷониби шумост.

Вале бетараф набошеду хомуши ихтиёр накунед, ки аз хомӯшии ҷаҳон дилбеҳузурему тоби хомӯшиву бетарафии ҳамватанонро надорем. Ҳаройина, Холиқи мо тадбирсоз аст!

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *