АмниятАхборОсиёи МарказӣСиёсат

Вазорати умури хориҷии Эрон ҳамлаи Толибон ба Панҷшерро шадидан маҳкум кард

Намояндаи расмии вазорат Саид Хотибзода ба радиои Спутник гуфт, Вазорати умури хориҷии Эрон аз хабари забти Панҷшер аз ҷониби Толибон нигарон аст.

Пештар рӯзи душанбе сухангӯи ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон  Забеҳуллоҳ Муҷоҳид эълон кард, ки вилояти Панҷшер ба ихтиёри аъзои ин ҳаракат гузаштааст. Нерӯҳои муқовимат ин суханонро рад мекунанд.

Вазорати умури хориҷии Эрон ҳамлаи Толибон ба Панҷшерро шадидан маҳкум кард.

“Ҳалокати раҳбарони Афғонистон боиси таассуф аст. Мо  ин қазияро ҳамчун  гузинаи дахолати хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод”, – гуфт Хатибзода аз қавли РИА  Новости.

Намояндаи вазорати умури хориҷаи Эрон ҷонибҳои муноқишаро ба муколама даъват кард.

Панҷшер ягона вилояти Афғонистон аст, ки берун аз назорати Толибон  аст.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *