ДидгоҳСиёсатТоҷикистонФарҳангҶомеа

Вокуниши Саъдӣ Маҳдӣ ба эроди Азия Плюс дар мавриди камтамошобин будани ТВ- ҳои тоҷик

Айни замон аз ҳама ТВ-и сертамошобин 7 шабакаи телевизионии Тоҷикистон аст, ки дар давраи иди Истиқлол ва мизбонии ШОС ба таври мустақим рафта истодааст. Махсусан, баромади Пешвои миллат дар маҷлиси ОДКБ дар мавриди вазъи Афғонистон хело сертамошобин буд. Ин аз дастгирии мардум ва истиқбол аз ин баромад дар шабакаҳои интернетӣ маълум аст!

Дар мавриди сертамошобин будани ТВ Варзишу ТВ Футбол дар давраи Олимпиада ва умуман чемпионатҳои аврупоӣ намегӯям!

Имрӯзҳо замони рушду нумуи телевизионҳост. Ҳар рӯз як шабакаи нав пайдо мешавад. дар Тоҷикистони азизи мо низ ин ривоҷ дорад. Шабакаи Илм ва табиат ба кор сар кард, шабакаи Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ кушода хоҳад шуд. Баҳогузории ТВ -ҳо аз рӯи чӣ бояд сурат гирад?

Азия+ назари як касро гирифтааст ва табиист, ки он яктарафа ва беинсофона баромадааст.

Мо сари ҳар семоҳа ба ноҳияҳои наздику дурдасти Тоҷикистон назарсанҷӣ мегузаронем. Он аз рӯи синну сол, ҷинс, касбу кор гузаронида мешавад. Аксари аҳолӣ аз рӯи назарсанҷии мо иттилоъро аз шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии ҷумҳурӣ мегиранд. табиист, ки мардуми пойтахт ба интернет дастарасӣ доранд, аз ин рӯ иттилои аввалро аз интернет мегиранд. Масалан натиҷаи назарсанҷӣ дар вилояти калонтарин – Хатлон нишон дод, ки беш аз 70 фоизи одамон иттилоъро аз радио ва ТВ-ҳои ҷумҳурӣ мегиранд. Танҳо 30 фоиз назари гуногун доранд: яке тамоман тамошо намекунад, яке радио факат гуш мекунад,баъзеҳо шабакаҳои параболӣ, киноҳои туркӣ ва ғ. Вале набояд назари як нафар ё як ноҳияро ба ноҳияи дигар таҳмил кард.

Ҳангоми назарсанҷӣ профессионализм, технологияи пахши хабар, шавқовар будани барнома, назари тамошобин ва ғайра ба эътибор гирифта шуданд.

Танқид як хосият дорад: як нафар мегӯяд, ки ман ТВ-ро тамошо намекунам, зеро чизе надорад, барномаҳо сусту заифанд ва ғ. Ин назари як ё даҳ нафар ҳам, ки бошад, таъсирноктар аз назари он ҳазорҳост, ки фикрашон муътадил аст. Психологияи ҷомеа ҳамин аст, ки таваҷҷуҳ ба танқид бештар аст.

Аз ин нуқтаи назар, вақте коғазро дар назди 10 муштарӣ мегузорем ва назарашонро нисбати ТВ-ҳо мепурсем, натиҷа тамоман муқобили фикри як нафар танқидгар мебарояд ва фикр мекунам, ин реалӣ аст!

Назари интиқодии Азия + низ ҳамин аст, ки гуфтем.

Ҳоло дар шабакаи Тоҷикистон мустақим Президенти Қирғизистон гап зада истодааст, ки фикр мекунам тамоми Тоҷикистон онро тамошо дорад. Шумо чӣ оё тамошо надоред?

Саъдӣ Махдӣ, директори Академияи ВАО Тоҷикистон

МАнбаъ: саҳифаи фейсбукии Ахбор барои афкор

 

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *