АхборИқтисодКишварҳои пасошӯравӣҲуқуқи башарҶомеа

Дар Русия барои муҳоҷирон замимаи мобилӣ таъсис дода мешавад

Дар Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ замимаи мобилӣ арзи ҳастӣ менамояд; ифтитоҳи он то соли 2022 ба нақша гирифта шудааст. Бо кӯмаки он муҳоҷирон метавонанд ҳуҷҷат тартиб диҳанд ва барои худ кор ҷустуҷӯ кунанд.

Дар ин бора муовини Сарвазири Русия Алексей Оверчук дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Известия» изҳори назар намуд.

“Мо тасмим гирифтем, ки дар як замимаи мобилӣ тамоми раванди ҳуҷҷатгузории муштариёнро ҷой диҳем, то ки хориҷиён  бе душворӣ барои худ кор пайдо карда  тавонанд”,-  шарҳ дод муовини Сарвазир.

Бо ёрии ин барнома, шумо метавонед дар бораи мавҷудияти маҳдудият дар вуруд ба Русия маълумот пайдо кунед ва аз як қатор хидматҳо, алахусус  додани СНИЛС ва ИНН истифода баред. Вақте аз ӯ пурсидаанд, ки оё дар он ба расмият даровардани бақайдгирӣ имконпазир аст, Оверчук посух дод, ки ” амалӣ намудани ин кор ҳам метавонад дар замима бошад.”

Ҳамзамон, муовини Сарвазир таъкид кард, ки на ҳама хидматҳо дар замима бо хидматрасониҳои давлатӣ алоқаманд хоҳанд буд, ба таври мисол хадамоти хусусӣ, аз қабили харидани суғуртаи тиббӣ ё дарёфт ва иҷораи манзил  низ дар он ҷо пешниҳод карда мешаванд.

Оверчук илова намуд, ки прототипи барнома аллакай сохта шудааст, “кор оид ба тағироти зарурӣ дар заминаи меъёрӣ идома дорад” ва ифтитоҳи платформа “соли оянда ба нақша гирифта шудааст.” Як қатор хидматҳо фавран пас аз оғоз пайдо мешаванд ва баъзеҳо ҳангоми дастрас шуданашон илова карда мешаванд.

Қаблан муовини раиси Кумитаи Думаи Давлатӣ оид ба миллатҳо Шамсаил Саралиев роҳи ҳалли мушкилро бо муҳоҷирони бекор пешниҳод намуда буд. Вай маслиҳат дод, ки таҷрибаи кишварҳои арабиро қабул кунем. Ба андешаи ӯ, барои ҳалли он бояд  масъулияти сохторҳо ва ширкатҳои алоҳидаро зиёз афзоиш дод.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *