ДидгоҳСиёсатТоҷикистон

Додоҷони Атовулло: “Худоё, ба лутфи лоязолӣ моро ба Истиқлоли ростин бирасон !”

Додоҷони Атовулло, рӯзноманигор ва сиёсатмадор

ИСТИҒФОР

баъди тамошои консерти давлатӣ дар Кохи Борбад

Миллате, ки ба худ иҷозат медиҳад, ҳар мансабдорро «хӯҷаин» биномад, мутташоире бо номи Ибодулло Машраб дар бораи президенташ назме мебофад:

«Агар сарвар намебуд Олӣ Раҳмон,

Биҳиштосо намешуд Тоҷикистон.

Суханҳое, ки гӯяд аз Калом аст,

Намози миллати моро имом аст!»

ва онро овозхони  гурезаи афғонистоние дар консерти давлатӣ месарояд;

ва чанд ҳазор ба ном «нухбааш» аз ҷо бархоста каф мекӯбад, ҳеҷ гоҳ соҳибистиқлол нест ва озодӣ барояш макрӯҳ аст!

Ба чеҳраи ба зиёфати истиқлол даъватшудагон менигарӣ ва гиристан мехоҳӣ. Онҳо ҳама гӯё аз як модар таваллуд шудаанд ва як моделер барояшон костюм дӯхтааст. Аз ҳама аҷибаш  чеҳраашон ончунон ғамин аст, ки гӯё дар мотам нишастаанд ва бо кафкӯбиҳои дурударозу осмонкаф касеро ба роҳи охирин мегуселонанд. Маъмулан, дар кишварҳои аврупоӣ бо актёрҳо чунин видоъ мегӯянд. Хайрият, қарсакзанӣ гоҳо ба калбазм бадал мешуд ва меорамидӣ, ки ҳамааш хуб ва ҳама гул аст.

Истиқлол – меваи ношиносе буд, ки онро тоҷик аз ҷӯйборе, ки саргаҳаш Маскав буд, бардошт ва намедонист онро хом мехуранд ё пухта ва онро ҳарисона  газиду рӯ турш кард: «и чияй ё тизе, қурутоби худамон зинда бошад!»

«Ғуломонро зи озодӣ сухан ҳайф,

Ба хобон бонги бедорӣ задан ҳайф.

Ба ин савдогарони буму меҳан,

Ватан ҳайфу ватан ҳайфу ватан ҳайф!»

Касеро табрик намегӯям.

Аз мо то озодӣ ва озодагӣ роҳ басе дур аст.

Худоё, ба лутфи лоязолӣ моро ба Истиқлоли ростин бирасон, то ин ид беҳтарин иди ҳар пиру ҷавон гардад!

Худоё, интизоронро ошуфтаҳолу навмед магардон!

Худоё, моро бубахш!

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *