АхборКишварҳои пасошӯравӣОсиёи МарказӣСиёсатФасодҲуқуқи башар

Кормандони давлатии Туркманистон барои баргузории ҷашни 30 солагии Истиқлолият пул мепардозанд

Мақомоти вилояти Марями Туркманистон аз кормандони бахши давлатӣ  барои овезаҳо ва дигар ороишҳо, ки дар кӯчаҳои маркази маъмурӣ ба муносибати 30 -умин солгарди истиқлолияти давлатӣ насб шудаанд, пул ҷамъ мекунанд.

Хабарнигорони бахши туркмании Радиои Азатлик аз минтақа гузориш медиҳанд.

Тибқи дастури шифоҳӣ, ҳар як корманди давлатӣ бояд ба раҳбарони худ ба ифтихори  Истиқлол 100 манат ($28,5)  пули нақд пардохт кунад.

Барои ҷамъоварии маблағ барои ҷашни 30 -солагии Истиқлолият як ҳафта муҳлат дода шудааст. Кормандоне, ки аз ҷамъоварии пул норозӣ ҳастанд, бояд мактуби тавзеҳӣ нависанд.  Дар он корманд бояд хаттӣ эътироф кунад, ки ӯ аз корҳои ҷамъиятии давлатӣ даст мекашад. Мақомоти шаҳрдорӣ ҷамъоварии маблағро як чорабинии оммавӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолият меҳисобанд.

Ба гуфтаи кормандони давлатӣ, ки бо “Озодӣ” сӯҳбат кардаанд, ба ҷуз аз пардохти маблағи плакат ва ороишҳо,  кормандони корхонаҳои давлатӣ боз маҷбуранд, ки барои ҷамъоварии пахта хайрия кунанд.

Солҳост, ки мақомоти Туркманистон бо баҳонаҳои гуногун аз кормандони давлатӣ пул ҷамъ меоранд, аз ҷумла пул барои плакатҳо ва баннерҳо, портретҳои президент, ҳифзи табиат, варзиш ва либосҳои идона, велосипедҳо, ҷамъоварии ҳосил ва ғайра.

Ҳукумат омори дақиқро дар бораи фоизи аҳолии кишвар дар корхонаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ пешниҳод намекунад. Ба гуфтаи нозирон, бекории густарда яке аз мушкилоти умдаи кишвар аст.

Дар Туркманистон масъулини буҷа  маҷбуранд дар рӯзҳои ид ва истироҳат дар тамизкориву шанбегиҳо ширкат кунанд. Ба гуфтаи кормандони муассисаву корхонаҳои давлатӣ, амалан механизми пешниҳоди шикоятҳо дар бораи тамаъҷӯӣ ва истисмори маҷбурӣ дар кишвар вуҷуд надорад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *