АхборДидгоҳОсиёи МарказӣСиёсат

Латифи Пидром: АНДАР БОБИ БАЁНИ НОМАИ ЧАНД ХОИН! ( ВОКУНИШ)

Панҷ-шаш нафари эъломияt навиштаанд, ки дар сафаҳоти маҷозӣ мунташир шуд, ифшои номашон бимонад барои баъд.

Муҳтаво ва ҷони ин эъломия дифоъ аз режими манфур ва сарнигуншудаи Ғанӣ буд, дифоъ аз режими хоине, ки дудаста Афғонистон/Хуросону дастоварадҳои нимбанди бист соли пасинро ба ҳаракати Толибон таслим дод; режиме, ки ба номи ақибнишинии тактикӣ ва нӯшидани иттилооту рамзи хатти борик беш аз 205 улусволиро дар камтар аз як ҳафта бо тамоми имконоту таслеҳоти он дар ихтиёри Толибон қарор дод – онҳоро то дандон мусаллаҳ кард.

Ин эъломия марбут ба чанд унсури фосид ва хоини режими фашистии Ғанӣ буд, ки бешармона ҳанӯз ҳам иддаои машруъият доранд ва ҳеҷ гуноҳу ҷинояте арақи шарму нанг бар пешонии таслимиашан ҷорӣ намекунад. Ин гурӯҳи касиф ҳанӯз дар фикрb онанд, ки режими шикастхӯрдаи Ғанӣ ва тими гуноҳкори ӯ ва бозмондагони гандидааашро дар олами хаёл ҳам ки шудааст, дар зеҳни мардум ҳуқна (клизма) кунанд.

Ошкор мегӯям: набарди алайҳи Толибон, мухолифат бо Толибон ҳаргиз ба маънои ҳимоят аз бақоёии режими сарнагуншудаи Ғанӣ нест. Нависандагони ин шармнома, ки бӯйи ганду касофату хиёнат ва “афсӯс”-и қудрати аз дастрафта аз он бармехезад, бояд бидонанд, ки фақат ва фақат дар додгоҳҳои мардум, дар додгоҳҳои адолат номҳои касифашан барои таъйини кайфару ҷазо гирифта хоҳад шуд ва ило ғайр.

Дар ин эъломия, муттаасифона, як ҷое номи Ҷабҳаи муқовимат матраҳ шуда буд, албатта таҳти раҳбарии ҳамон бақоёии режими ҷумҳурии Ғанӣ, яъне агар муқовимате ҳам ҳаст, бояд таҳти раҳбарии бақоёии шарафбохтаи ҳамин ҷумҳурии сарнигуншудаи Ғанӣ бошад. Ин эъломия ба таври шайтанатомезе эътибору обрӯйи Ҷабҳаи муқовиматро ҳадаф қарор додааст. Аммо мо медонем: Муқовимат дар канори авомили Ашрафи Ғании Аҳмадзай ва таҳти раҳбарии нукарону шуракои он хоини фирорӣ – чизе ҷуз зону задан дар баробари он режими табаҳкору сарони белаёқати он нест. Агар ҳуше дар Муқовимат вуҷуд дошта бошад, қанде омехта бо заҳре пӯшондашуда дар ин эъломияро мешиносад ва ташхис медиҳад. Фош мегӯям ки он ҷумҳурӣ бо муҳтавои як султони ъалил (дардманд)-и худкома ва чандто дузди равонии чароғбадаст пашизе (пули беарзиш)-е барои мардуми Афғонистон арзиш надорад. Боз таъкид мекунам: нафрат аз Толибон ҳаргиз ба маънои ҳамбастагӣ бо фирориҳои ҷумҳурии қуллобии Ғанӣ нест. Хотири хоинин ҷамъ бошад.

Ба ҳар ранге, ки хоҳӣ ҷома мепӯш,

Ман аз тарзи хиромат мешиносам.

Латифи ПИДРОМ, раиси Кунгураи миллии Афғонистон

Аз саҳифаи Аҳмадшоҳи Комилзода

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *